«Се фарзандам дар кўдакистони №154-и ноҳияи Сино, ки яке аз беҳтарин муассисаҳои томактабии пойтахт ҳисоб меёбанд, тарбия мегиранд. Аз рўзе, ки Гавҳар Комилова мудирии муассисаи мазкурро ба зимма гирифтанд, ин бинои оддӣ ба манзили афсонавие мубаддал гардидааст.»
Ин порае аз мактуби пур аз меҳрест, ки ба ҳафтанома аз номи оилаи Рафиқовҳо расид. Барои банда, ки мавзўи муассисаҳои томактабиро пайгирӣ мекунам, ин нома басе хушоянд ҳам буд. Чунки аксар падару модарон аз шароити кўдакистонҳое, ки фарзандонашонро фаро гирифтаанд, бо оҳанги гила сухан мекунанд. Ҳамин нома сабаб шуду чанде пеш азми дидани «манзили афсонавӣ» кардам. Нигорандаи матлаб таърифи хушку холӣ карда бошад ва ё навиштаҳояш воқеиянд? Чунон ки гуфтаанд, шунидан кай бувад монанди дидан…
Чун ба ҳавлии кушоду барҳавои кўдакистон ворид шудам, беихтиёр зери лаб чунин гуфтам: «Гап нест. Офарин!!!»
Инак, аз он рўзе, ки меҳмони ин даргоҳи биҳиштосои афсонавӣ шуда будам, чанд вақт гузашт. Он рўз дўстрўякон наврўзӣ доштанд. Мураббӣ Зебо Қурбонова, ки 25 сол инҷониб бо кўдакон сарикор доштааст, ҳамроҳи кўдакони гурўҳи тайёрӣ ба тарбиятгирандагон ва падару модарон намоиши ҷолиби наврўзӣ пешкаш мекарданд.
Бояд гуфт, ки Президенти Академияи таҳсилоти Вазорати маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон Ирина Каримова он рўз меҳмони фахрии тарбиятгирандагони
кўдакистони мазкур буд. Тифлакони нозбў ҳама либосҳои зебои наврўзӣ ба
бар доштанд. Дастпарварони Зебо Қурбонова симои шоҳ Ҷамшед, Мири наврўзӣ
ва наварўсакони баҳориро басе дилпазир офарида буданд. Тамошобинони
хурдсол бо даҳони нимво шефтаи ҳунари аҳли гурўҳ буданду волидон ба ваҷд
омада!
«Оҳ, дунёи беғами кўдакӣ, чи ширин айёмест!»- бо чашмони пур аз ашки шодӣ мегуфт бонуи миёнсоле.Пас аз анҷоми ҷамъомади шодиву нишотангез бо мураббия З.Қурбонова сўҳбати кўтоҳе доштам. Маълум гардид, ки кўдакони ин гурўҳ бо ду забон: тоҷикиву русӣ таълиму тарбия мегирифтаанд.
- Ширинакони хола аллакай ҳарфҳоро мешиносанд ва ҳатто бо хати чопӣ навишта ҳам метавонанд, – гуфт ҳамсўҳбатам.
Рост мегўяд мураббия, «ширинакони хола», воқеан ҳам, булбуланд: ҳам шеър мехонанду ҳам арғушт мераванд. Либосҳои гулдўзӣ дар бар рақсҳои гуногуни миллӣ иҷро мекунанд. Аҷаб ки ҳатто тарзи сухангўйии мураббия оҳанги тифлона дорад. Хаёл мекунам, ў ҳамроҳи дастпарваронаш ҳамеша дар дунёи ширини кўдакист. Осон нест пайваста дар байни тифлакон будану оинаи қалби онҳоро мусаффо нигоҳ доштан. Барои ин дили бузург ва ботини поке ҳамсони қалби беолоиши тифлон доштан лозим.
Чун Президенти Акдемияи таҳсилоти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирина Каримова назди ҳозирин ҳамчун нишони қадрдонӣ барои фаъолияти 25-солаи босамар дар кўдакистони № 154 ба дасти мураббия Зебо Қурбонова Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тўҳфаҳои хотиравиро месупорид, эҳсос мекардам, ки ин бонуи дарёдил басо сарбаланд ҳам буд. Ҳалолаш бод!
Ситорабонуи СОҲИБНАЗАР

Комментариев нет:
Отправить комментарий