26.06.2012

ВАҲДАТ АЗ ОИЛА САР МЕШАВАД

Кўдакии мо ба айёми нооромиҳои кишвар рост омад. Агар хурдсолии хешро ёд оварам, пеш аз ҳама, чанд дона гилзаи туфанг пеши назарам меояд, ки волидон аз рўйи ҳавлиамон барчинда буданд.

Бале, чанд тири дайдуе, ки метавонистанд риштаи ҳаёти чанд нафарро баркананд. Чи рўзҳову моҳҳои наҳсе буданд, ки ҳар лаҳза аз ину аз он тараф садои тири тўфанг ба гўш мерасид. Хурду калон аз ин садои нохуш безор шуда буданд, ба ҳадде ки гўши мардуми ҷангдида то имрўз ҳатто садои хлопушкаи дилхушкунандаро тоби шунидан надорад. Чи рўзҳои баде буданд, ки калонсолони оила нимишабӣ ба навбати нони «бўлка» мерафтанд. Волидонамон моҳҳо музди меҳнат намегирифтанд. Модарам мегуфтанд, ки мардуми худношинос ба қатлу ғорат даст мезананд. Мо, хоҳарон, мепурсидем: «Худношиносон кистанд?» Посух мегирифтем: «Онҳое, ки ваҳдати миллиро намехоҳанд.» Аз ин ҷавоб қонеъ намешудем. «Пас, ваҳдати миллӣ чист?» «Ҳисси якдиливу якҷонӣ, ки ҳоло байни мардуми кишвар намерасад»,- шарҳ медод волидаи мо. «Ба ваҳдат бояд бо чӣ роҳ расид?»- таҳпурсӣ мекардем мо. «Аз роҳи номус метавон ба шоҳроҳи ваҳдат расид, ки он аз остонаи хонадон оғоз мегирад. Яъне, ҳар инсон бояд номуси кўчак дошта бошад, ки ин эҳсосро зодмандони худшинос ба фарзандон дода метавонанд. Ва ин эҳсоси пок, агар тарбият ёбад, рўзе ба номуси бузург мубаддал мешавад. Барои шахсе, ки соҳиби номуси бузург бошад, манфиатҳои миллӣ аз ҳама чизи олам болотар меистад. Ва чунин шахс инсони комил ҳисоб меёбад»,- ин ҷавоб моро ҳидоятгаре буду ҳаст.
Инак, аз даврони хурдсолиҳои мо вақти зиёд гузашт. Имрўз ману хоҳарам соҳиби оилаву фарзандони хеш ҳастем. Дар Тоҷикистони азиз зиндагии обод дорему ҳаёти осоишта. Мо хуб медонем, то он ки ба ин рўзҳои накў, ин ободиҳо расем, сару сарварони кишвари мо чӣ азобҳо кашидаанд. Насли мо, ки ҷавонони ба оянда некбин ҳастем, то имрўз ҳама воқеоти мудҳиши солҳои ҷанги шаҳрвандиро фаромўш насохтаему фаромўш ҳам намесозем.
Чанде пеш дар ҷамъомаде бо олими шинохта Кароматулло Олимов ва шоири шаҳир Гулназар ҳамсўҳбат будам. Вақте дар мавзўи ҷашни Ваҳдати миллӣ сўҳбат доштем, боз пеши назар воқеоти фоҷиабори он давр омад. Эшон бароям дар бораи қаҳрамониҳои Эмомалӣ Раҳмон нақлҳои аҷибе карданд. Аз ҷумла, аз заҳматҳои кашидаи Президенти кишвар ёдовар мешуданд, ки миллати тоҷикро баҳри ба ваҳдат овардан чӣ сон ба сулҳу якдилӣ даъват мекарданду мардонагӣ нишон медоданд. Ман он лаҳзаҳо пурсишу посухҳоеро, ки зикрашон рафт, пеши назар меовардам. Кароматулло Олимов дар бораи бо чӣ заҳматҳо, аз худ гузаштанҳо ба имзо расидани ҳуҷҷати тақдирсози оштии миллӣ қисса мекарданд. Бо фахр мегуфтанд, ки масъулияти баланде, ки мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба халқу Ватан доранд, ба Тоҷикистони мо сулҳ овард. Ман аз шунидани нақлҳои устод ба важд меомадам.
Шоир Гулназар нақл мекарданд, ки пас аз ба имзо расидани санади оштии миллӣ, дар фурудгоҳ мардум чӣ тавр Эмомалӣ Раҳмонро бо гулдастаҳо пешвоз гирифта буданд. Барои ҳама он рўз воқеан ҳам хурсандии бузург буд. Ман бовар дорам, ки ин рўз дар таърихи миллати тоҷик рўзи воқеан ҳам хурсандиовар ва хотирмон аст. Ва хизматҳои Сарвари давлати мо ҳеҷ гоҳ фаромўш намешавад.
Имрўз ман ҳам фарзандонамро ба воя мерасонам, дарси хештаншиносӣ медиҳам. Ба онҳо бо ифтихор мегўям, ки ана, ҳамин тавр як сарвари ҷасуру соҳиби номуси бузург дорем мо! Ваҳдати тоҷикон абадист ва он дар саҳфаҳои таърих бо хати зарин сабт гардида! С.СОҲИБНАЗАР

Комментариев нет:

Отправить комментарий