26.06.2012

Расули Фаррух: «МАН ПИРЎЗАМ!»

Баъзан чунин мешавад, ки аз ҳаёти ашхоси 60-70-сола мазмуне намеёбӣ, вале аз зиндагии як ҷавон, ки шояд баъзе ҳамқадонаш ҳанўз бидуни навозишу таваллои модар саҳар аз болин сар намебардоранд, маънои жарфе дармеёбӣ.

Вақте тавассути шиносҳо дар бораи Расули Фаррух маълумот пайдо намудам, аҳд кардам, ки ҳатман бо ў вомехўрам. Дақиқтараш, рўзе бори аввал бо ў вохўрдам, ки дар қувваозмоӣ ширкат дошт.
Аён буд, ки дилаш аз меъёр зиёд метаппад. Мураббиаш Абдурозиқ Олимов ба ў мефаҳмонд, ки ҳарчанд Муҳаммадшоҳ дар вазни худ гўштингири хеле моҳир асту техникааш хуб, аммо пойҳояш чандон қавӣ нестанд. «Аз усули ҳаллуки байн истифода кун. Ба пойҳояш зарба оварда, ўро ба замин зан ва беҳаракат гардон».
Пас аз интизории тўлонӣ Расул ба майдони бозӣ мебарояд. Ў аз рўйи маслиҳати Олимов амал мекунад. Баъди чанд лаҳзаи афту дарафт ба мақсад мерасад. Урра! Пирўзӣ!!!
Баъди тамошои ин лаҳзаҳо ба худ мегуфтам: «Дар ҳоле ки ҷавонону наврасони аз ҳар ҷиҳат таъмин рўзро ба шом аз пайи корҳои бемаънӣ мепайванданд, на танҳо ба оилаи хешу ба ҷамъият фоидае намерасонанд, балки чун ангушти шашум ин ҳама зебоии зиндагиро халалдор мекунанд, Расул баринҳоро меарзад, ки тавсиф кунӣ.»
Расул, варзишгари 22-сола, дар бораи хеш кам сухан мегўяд. Ба назар чунин менамояд, ки худро васф кардан намехоҳад. Ман ўро оҳиста-оҳиста ба сўҳбат мекашам. Батадриҷ дар бораи худ баъзе чизҳоро нақл мекунад:
- Ману додарам Ҷаббор ҳанўз хурдсол будем, ки аз меҳри падару модар бенасиб мондем. Аниқтараш, ман аз чаҳорсолагӣ дар тарбияи бобову бибиам ҳастам. Модаркалонам Маърифат Маҳмадаминова ва бобои раҳматиам Ҷон Аскаров аз аввал моро ба роҳи рост ҳидоят менамуданд. Кўшиш мекарданд, ки мо ятимии худро ҳис накунем. Онҳо моро эркаву нозпарвард тарбия накарданд, балки бо мо чун бо ҷавонмардони ҳақиқӣ муносибат мекарданд. Мо аз хурдӣ хешро бачаи калон мепиндоштем, худамонро мустақилона идора карда метавонистем. Ҳамеша рўҳи падару модари ҷавонмаргамонро пос медоштем. Аслан, ман гумон дорам, меҳри беандозаи волидон ҳамеша баҳри мо қуввати дил буда, арвоҳашон моро дар ҳар ҷода раҳнамун аст. Мо, ҳарду бародарон, пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 89-и шаҳри Душанбе донишҷўи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон гаштем. Ҳоло ман дар курси чорум мехонаму Ҷаббор дар курси сеюм. Дар оянда касби муҳандис-технологро соҳиб хоҳем шуд.
- Ба варзиш аз кай шавқ пайдо кардӣ?
- Аз 15-солагӣ ҷиддан ба гўштин машғул шудам. Аввалҳо ҳамроҳи ҷўраҳоям ба варзишгоҳи назди маҳаллаамон мерафтему бозиҳои дигар наврасонро дида ҳавас мекардем.
Расули Фаррух номзади устоди варзиш ва чемпиони ҷумҳурӣ (аз навъи гўштини тарзи озод) аст. Сари синаи ўро ду медали тилло, ду медали нуқра ва шаш медали биринҷӣ оро медиҳанд, ки собитгари зафарҳои вай дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявиянд.
- Дар ин намуди варзиш муҳим қавидилу қавиирода будан аст, вагарна бар рақиб ғолиб омадан басе мушкил мешавад,- Расул ба ман усули «туше», яъне, рақибро якбора бардошта, аз паси сар ба замин задану беҳаракат гардониданро маънидод мекунад ва меафзояд: – Барои аз ин усул истифода бурдан бояд пайкари гўштингир хеле қавӣ, камар ва дасту пойҳояш машқдида бошанд.
Воқеан, тану тўши ҳамсўҳбати ман басе варзидаву машқдида аст. Дар миёни ҳафт соли тамринҳои пайдарҳам маҳорати гўштингириаш низ хеле сайқал ёфтааст.
- На як бору ду бор ҷоми ғолибият ба сар кашидаӣ. Одатан, вақти ба шоҳсуфаи зафар баромадан чӣ фикрҳое ба сар меоянд?
- Лаҳзаҳои фараҳангезанд, албатта. Дигаронро намедонам, аммо ман ҳамин ки номамро дар қатори ғолибон мешунавам, ба ғайр аз ин фикр дигар чизе ба сарам намеояд: «Ман пирўзам!»
Расул нақша дорад, ки дар оянда аз рўйи ин навъи варзиш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзад.
Ба андешаи Расули Фаррух, ҷавононе, ки имрўз ба варзиш майл доранд, бештар вақт аз ҷиҳати таъминот танқисӣ мекашанд. Худи ў низ ниёз ба сарпараст дорад. Умед аст, ки зиндагӣ барояш имконоти зиёд пеш хоҳад овард. Шояд мо минбаъд аз пирўзиҳои бузургтари Расули таҳамтан хабар ёбем. Комёбӣ насибаш бод!
Ситорабонуи СОҲИБНАЗАР

Комментариев нет:

Отправить комментарий