24.11.2012

«Оҳанбизнес» ба манфиати кист?

Ё ин тиҷорат хонаи киро хароб мекунаду кисаи киро пур…
Чандест, ки дар маҳаллаи Телмани ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он овозаҳо оид ба оҳандуздии ноболиғон зиёд шудааст. Ба гуфтаи сокинони гузар, аз ҷониби ашхоси номаълум дар муддати як ҳафта ҳудуди 20 адад купрўкҳои оҳаниву пўлодии гуногунҳаҷм рабуда шудаанд. Вале ба иттилои лейтенанти милитсия Ҳасан Розиқов, аз минтақаи маъмурии милитсияи №5-и маҳалла, дар 10 моҳи соли ҷорӣ ягон ҳолати дуздии оҳан аз ҷониби ноболиғе рух надодааст ва нафаре ҳам бо ин мазмун ба идора шикоят накардааст.

Аммо ба гумони сокинони гузар, дар ин амал баръало дасти бачаҳои гирду атроф эҳсос мешавад. Аз ин рў, онҳо аз болои кўдакони ҳамсоя ба милитсия шикоят бурдан ва доғдор кардани номи ноболиғонро хуб намеҳисобанд.