17.02.2013

Чашмам ба раҳи омаданат чор шудаст


Чун хабар ёфтам, ки 24 январи соли ҷорӣ Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо ҳамдастии Вазорати корҳои дохилаи ҶТ 4 нафар кўдаки ятими муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро аз Россия ба Ватан баргардондаанд, дар дил хоҳиши сахте пайдо шуд, то ба аёдати тифлакони мазкур равам. Маълум гардид, ки барои ҷомаи амал пўшонидани ин хоҳиш рухсати раёсати тандурустии шаҳри Душанбе лозим будааст. Ба раёсати мазкур муроҷиат кардем. Хушбахтона, ба ману хоҳарам, ки пешаи хабарнигорӣ дорем, чандон сахтгирӣ накарданд.

24.11.2012

«Оҳанбизнес» ба манфиати кист?

Ё ин тиҷорат хонаи киро хароб мекунаду кисаи киро пур…
Чандест, ки дар маҳаллаи Телмани ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он овозаҳо оид ба оҳандуздии ноболиғон зиёд шудааст. Ба гуфтаи сокинони гузар, аз ҷониби ашхоси номаълум дар муддати як ҳафта ҳудуди 20 адад купрўкҳои оҳаниву пўлодии гуногунҳаҷм рабуда шудаанд. Вале ба иттилои лейтенанти милитсия Ҳасан Розиқов, аз минтақаи маъмурии милитсияи №5-и маҳалла, дар 10 моҳи соли ҷорӣ ягон ҳолати дуздии оҳан аз ҷониби ноболиғе рух надодааст ва нафаре ҳам бо ин мазмун ба идора шикоят накардааст.

Аммо ба гумони сокинони гузар, дар ин амал баръало дасти бачаҳои гирду атроф эҳсос мешавад. Аз ин рў, онҳо аз болои кўдакони ҳамсоя ба милитсия шикоят бурдан ва доғдор кардани номи ноболиғонро хуб намеҳисобанд.

03.09.2012

«… ЯХМОСИ ПЕШСАФИ ҶАҲОН!»


ё мусобиқаи ғалатнависӣ дар хиёбонҳои пойтахт
«Боздоштанашавандагон»-ро дидаед? «Дар куҷо?»-мепурсед шумо? Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе! Нафаҳмидед? Ҳамон филми машҳури «Expendables-2»-ро дар назар дорам, ки русҳо «Неудержимые» тарҷума кардаанд, ки бори маъни мебардорад ва гўшхарош нест. Аммо моем, ки аз тарҷумаи таҳтуллафз ҳеҷ канда намешавем. Ба андешаи камина, унвони филми ҳунарии хориҷии «Боздоштанашавандагон» басе гўшхарош аст, зеро он тарҷумаи тарҷума аст. Яъне, онро аз англисӣ ба русӣ («Неудержимые-2») гардонидаанду дастандаркорони соҳаи рекламаҳои мо бошанд, бо номи  «Боздоштанашавандагон» ба мо пешниҳод кардаанд. Ба назари банда, дар ҳоле ки тарҷумаи таҳтуллафз начандон нозук анҷом пазируфта бошад, бояд ҳадди ақал аз маънову мундариҷаи филми ҳунарӣ унвонашро ҷуст. Яъне,  имкон дошт «Боздоштанашавандагон» -ро «Шўрапуштон-2», «Авбошони хўгирифта» ва ё «Хўгирифтагон» унвон кард.

13.08.2012

ОҲ, «ИН ЛЎЛИЁНИ ШЎХИ ШИРИНКОР…»



ё тасодуфе, ки маро ба таҳқиқи мавзўъ кашид

Боре аз назди бозори Шоҳмансур мегузаштам, ки диққатамро духтарчаи 4 ё 5-солаи талбандае ҷалб кард. Одатан, роҳи ман ҷониби коргоҳ аз шафати ин бозор мегузарад. «Ҳарчанд дар он  макони хариду фурӯш кӯдакону наврасони селофанфурӯшу ҳаммол, майдадуздону ҳуққабозон ва лӯлибачаҳои талбанда кам нестанд, аз чӣ ин тифлаки дарюзахоҳ мавриди таваҷҷӯҳи ту қарор гирифт?»- шояд мепурсед шумо? Рости гап, диққати маро навиштаҷоти пурғалате, ки ба гардани ӯ овехта буданд, ба худ мекашид: «Ассалом акаҳо модарам дар бемор хона дар ин моҳи бузург. Баруҳи ризои худо- 1-сомони хайр кунед илтимос…»