26.06.2012

Ҳар дарс дунёи навест

Коробкина Вероника Вячеславовна, зодаи вилояти Хатлон, таҳсилдидаи гурўҳи тоҷикии факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултаи англисиву фаронсавии ДДОТ бо номи С.Айнӣ. Фаъолияти кориаш аз соли 1997 дар мактаби рақами 1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оғоз ёфтааст.
Ғолиби озмуни "Муаллими беҳтарини забони англисӣ" (2005)-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ва иштирокдори озмуни шаҳрии "Муаллими сол-2005" ва ғолиби озмуни шаҳрии "Муаллими сол-2011". Дорандаи дараҷаи олии тахассусӣ. Унвонҷўи Академияи таҳсилоти Вазорати маорифи ҶТ, оиладор, модари ду фарзанд.
-Аз гуфтугўи пешакамон таваҷҷўҳи маро ду чиз ба худ ҷалб кард: шумо соле чанд муҳассили факултаи журналистикаи ДМТ будед. Ва сипас, ба таври гузариш таҳсилро дар ДДОТ давом дода, соҳибдиплом гардидед. Оё ин сабаби ҷиддие дошт?
-Не, сабаби ҷиддие набуд. Эҳсос кардам, ки дар ҷодаи рўзноманигорӣ муваффақ нахоҳам шуд.
-Забони тоҷикиро то чӣ андоза балад ҳастед?
-То андозае, ки ба атрофиён муоширати озод карда тавонам. Масалан, ман ба кўдакон ҳангоми фаҳмонидани барномаи таълимӣ дар зарурат ба забони тоҷикӣ ҳам рўй меорам. Дар Душанбе, дили Тоҷикистони азиз, зиста, надонистани забони давлатӣ айб аст. Аслан гирем, шаҳрвандони ғайритоҷики кишвар ҳоло ба моҳияти забони давлатӣ сарфаҳм рафтаанд. Насли ҷавони русзабонҳо қариб ҳама тоҷикиро хуб медонанд.
-Донандагони забонҳои хориҷӣ, хоса англисиву фаронсавӣ, одатан, аз созмонҳои байналмилаливу хориҷӣ кор меҷўянд. Шумо аз чунин имконият чаро баҳра набурдед?
- Вақте дар донишгоҳи омўзгорӣ таҳсил мекардам, ба ҳайси таҷрибаомўз ба мактаби рақами 1-и пойтахт омадам. Ва дар муддати андак пай бурдам, ки дар сиришти ман меҳр ба тарбиятгарӣ ҷой доштааст. Зеро ман бо нони муаллимӣ ба воя расидаам. Марҳум модарам Тен Нинел Евгеневна номзади илмҳои педагогӣ буда, солҳои дароз аз забон ва адабиёти рус дар ДМТ дарс мегуфт. Дигар ин ки ба кўдакон дари дунёи наверо кушодан кайфияте дорад. Ҳама мехоҳанд, ки забони англисӣ омўзанд, ба ин восита ҷаҳонро шиносанд. Ҳар дарси ман барои эшон дунёи навест. Ва ман ба онҳо дари орзуҳояшонро мекушоям. Магар ин бахт нест?! Ҳар гаҳ ки муваффақияте ба даст меоварам, гуфтаҳои модарам ба хотир меоянд: "Дар ҳама комёбиҳоят аз атрофиён ва шароити мавҷуда миннатдор бош. Чун ноком гаштӣ, аз худат гила кун".
- Таълиму тадрисро имрўз бидуни технологияи нав тасаввур кардан нашояд…
- Бале, дуруст мегўед. Ҳар дарси мо бо истифода аз васоити нави электронӣ мегузарад. Талабаҳои ман низ қариб аксар бо компютер кор карда метавонанд. Ғайр аз ин, ман сомонаи шахсии хешро ба Интернет пайвастаам. Солҳои пеш клубҳои дўстиву интернатсионалӣ вуҷуд доштанд. Имрўз сомонаҳои интернетӣ моро ба тамоми ҷаҳон мепайванданд.
- Ҳамчун пажўҳандаи илмҳои педагогӣ дар сари чӣ корҳое заҳмат мекашед?
- То ин дам чанд мақолаи методиро, аз қабили "Муқоисаи ҳаммонандии низоми сиёсии Тоҷикистон, Британияи Кабир ва ИМА", "Роҳҳои густариши тарзи таълими имлои забони англисӣ дар зинаҳои аввали таҳсил", "Тарбияи ҳисси ватандўстиву шаҳрвандӣ", "Истифодаи таҷрибаҳои педагогию психологӣ дар раванди тарбия" интишор додаам. Албатта, ин ҳама аввали кор аст. Кўшиш мекунам, ки дар баробари кори таълиму тарбия ҳамчун омўзгори эҷодкор дар соҳаи илми педагогика низ ба муваффақиятҳо ноил гардам.

Мусоҳиб Ситорабону

Комментариев нет:

Отправить комментарий