Ё ин тиҷорат хонаи киро хароб мекунаду кисаи киро пур…
Чандест, ки дар маҳаллаи Телмани ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он овозаҳо оид ба оҳандуздии ноболиғон зиёд шудааст. Ба гуфтаи сокинони гузар, аз ҷониби ашхоси номаълум дар муддати як ҳафта ҳудуди 20 адад купрўкҳои оҳаниву пўлодии гуногунҳаҷм рабуда шудаанд. Вале ба иттилои лейтенанти милитсия Ҳасан Розиқов, аз минтақаи маъмурии милитсияи №5-и маҳалла, дар 10 моҳи соли ҷорӣ ягон ҳолати дуздии оҳан аз ҷониби ноболиғе рух надодааст ва нафаре ҳам бо ин мазмун ба идора шикоят накардааст.
Аммо ба гумони сокинони гузар, дар ин амал баръало дасти бачаҳои гирду атроф эҳсос мешавад. Аз ин рў, онҳо аз болои кўдакони ҳамсоя ба милитсия шикоят бурдан ва доғдор кардани номи ноболиғонро хуб намеҳисобанд.
«Ҳарчанд дуздбачаҳои маҳаллаамонро шахсан мешиносам, ҳангоми аз паси дарвозаи ман гум шудани пулоҳан, ба кормандони милитсия муроҷиат накардам. Танҳо онҳоеро, ки ба гумонам муттаҳам буданд, насиҳат кардам. Пеши ман сарашонро бардошта натавонистанд. Ростӣ, дилам нахост онҳоро ба милитсия диҳам. Охир, дар ин миён ҳаққи ҳамсоя ва одаму одамгарӣ ҳаст»,- изҳори андеша мекунад Сафар Абдуллоев, истиқоматкунандаи кўчаи Бадахшон, хонаи 70.
Ў, ҳамчунин, шак дорад, ки нозирони минтақавӣ пулҳои оҳании рабудашударо баргардонда тавонанд: «Ҳама медонанд, ки пулҳо ба корхонаи гузари боло супорида мешаванд. Ба назари ман, коргарони он ҷо дар чанд дақиқа купрўкҳоро об мекунанд. Барои ҳамин гумон аст, ки ҳатто, милитсия онҳоро пайдо карда тавонад», – мегўяд Абдуллоев.
Ва аммо сокинони маҳалла Марям Муқаддамова ва Шарифамо Расулова, ки тараддуд доранд ба ҷўйбораки пушти дарвозаашон купрўки мустаҳками пўлодӣ насб кунонанд, ба хулоса омадаанд, ки ҳар кас бояд худро эҳтиёт кунаду ҳамсояашро дузд нагирад.
«Чанд моҳ пеш аз дами дарвозаи мо ҳам касе шабошаб купрўки оҳанинро, ки хеле гарон буд, бардошта бурдааст. Чунин ҳолатҳое низ буданд, ки аз дами дари танҳо як хонавода кўпрукҳои нав ба навро дар муддати на он қадар зиёд пай дар ҳам дуздиданд ва мо маҷбур шудем, ки купрўкҳои нави худро ба лаби ҷўй кафшер кунонем, то аз ин пас бо хотири ҷамъ гардем»,-мегўяд Расулова.
Дар ин асно сокинони маҳалла муроҷиатро ба нозирони минтақавӣ даву този бемаънӣ меҳисобанд: «Мардум дуруст мегўянд, ки «корат ба милисаву балниса нағалтад». Аз даву тоз хаста мешавиву ба мақсад намерасӣ. Ман ин корҳоро аллакай аз сар гузаронидаам. Бинобар ин, илоҷи воқеаро худам ёфтам. Кўдаконеро, ки купрўкамро бурда будаанд, ҷустуҷў карда ёфтам. Чор нафар зуд гуноҳашонро тан гирифтанд ва падару модарашон аз бозор ду оҳанеро, ки ҳар кадом 120 сомонӣ нарх доштанд, харида доданд»,- нақл кард Муқаддамова.
АЗ ОҲАНБИЗНЕС КӢ ФОИДА МЕБИНАД?
Сокинони гузар бовар доранд, ки дар рабуда шудани пулҳои оҳанин кўдакони маҳалла даст доранд. Ноболиғон оҳанҳоро ба заводи «Дутто-2″ ба ивази маблағи ночиз месупоранд. Корхонаи мазкур дар кўчаи А. Раҳимов, 46, ки мардум маҳаллаи «Табачка»ном мебаранд, воқеъ аст (он филиали ҶДММ «Дуто» аст, ки дар кўчаи Ҷ. Расулов, 45 воқеъ мебошад – шарҳи муллиф).
«Охир, ин ба як бизнес табдил ёфтааст. Ноболиғон килои оҳани рабудаашонро ба ин завод, ки кормандонаш аксаран хитоиҳо ҳастанд, бо нархи 70 дирам ё 1 сомонӣ савдо мекунанд»,- мегўяд Абдуллоев.
Дар ҳамин замина, мувофиқи иттилои ҳуқуқшинос Сергей Романов тибқи моддаҳои 11, 13 ва 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирӣ оид ба ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга» ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки бо ҷамъовариву нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, партовгардонӣ машғуланд ва ба истеъмолкунандагон супурдани пораву партовҳои фулузот, қабули пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро бидуни шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои муайян – шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пайдоиши оҳанпора ва баёнот манъ аст.
Ва аммо аз санҷише, ки бо ёрии ду нафар ноболиғ – Меҳтар ва Кеҳтар (номи аслии писарон бо хоҳиши падару модарашон тағир дода шудааст – шарҳи муаллиф) баргузор гашт, муайян шуд, ки меъёрҳои қонуни мазкур аслан риоят намегарданд. Бояд зикр кард, ки ин санҷиш бо ризояти худи ноболиғон ва волидайни онҳо сурат гирифт.
Дар оғоз барои муайян кардани нархи аслии оҳан аз растаи оҳанфурўшони бозори «Шоҳмансур», ки колояшон асосан кўҳнаву дастзада аст, ба нархи 375 сомонӣ дар ҳаҷми 20 килограмм метали сиёҳ (лом, қубурҳои пўлодӣ ва асбобҳои гуногуни рўзгор) харидорӣ шуд. Сипас, Меҳтар ва Кеҳтар бо мақсади савдои оҳанпораҳо ба ширкати «Дутто-2″ ворид шуданд.
Ба гуфтаи онҳо, кормандони ин коргоҳ бидуни талаби ҳуҷҷати шахсӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи манбаи дарёфти оҳанпора ва баёнот оҳанпораҳоро хариданд.
«Ба ҷуз ин,- мегўяд Меҳтар,- шаҳрвандони хитоӣ моро устокорона фиреб карданд. 20 килограмм оҳанро бо ҳилаву найранг 14 килограмм ҳисоб карда, ба ҳар килои он 1 сомонӣ пардохт карданд. Аз ин мебарояд, ки моро ба 361 сомонӣ фиреб карданд».
Зикр кардан бамаврид аст, ки Эъломияи ҳуқуқи кўдак истифодаи нируи ҷисмонии кўдакро манъ мекунад ва ҳимояи ҳуқуқашро таъмин месозад.
ЧӢ МУҲИМ АСТ: САЛОМАТӢ Ё ИСТЕҲСОЛОТ?
Масъалаи аз дуду партови чунин корхонаҳо олуда шудани муҳити зист боиси ташвиши сокинони гирду атрофи «Дутто-2″ шудааст.
Дар ин асно Марям Муқаддамова бо норизоӣ мегўяд: «Аксаран субҳи барвақт аз хона ба ҳавлиам баромада, мушоҳида мекунам, ки ба либосҳои бегоҳ шуста ба тор овехтаам хол-хол дуда нишастааст. Тасаввур кунед, ки мо аз ин гуна ҳаво нафас мекашем ва ҳамарўза саломатии худро зери хатар мегузорем».
Ва аммо коршиноси соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҷонишини директори ташкилоти ҷамъиятии экологии «Ҷавонони асри 21″ Умед Улуғов бар он аст, ки имрўз аз ҳисоби дудаи ихроҷкардаи корхонаҳои оҳангудозӣ ва саноатӣ дар қиёс бо солҳои Шўравӣ ҳамагӣ 15 дарсад ба муҳити зист зарар мерасад.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 20 адад Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд (ҶДММ) вуҷуд дорад, ки фаъолияташон аз хариду фурўш ва коркади оҳанпора иборат буда, 1-тояш ба шаҳрванди Тоҷикистон, 1-тои дигараш ба шаҳрванди Афғонистон ва 18-тои боқимонда ба шаҳрвандони Хитой тааллуқ доранд.
Сабаби маҳз дар ҳудуди пойтахт зиёд бунёд шудани корхонаҳои мазкурро дар Агентии стандартизатся, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар адами лимити барқ меҳисобанд. «Чун кўраҳои оҳангудозии корхонаҳои мазкур ҳама барқианд ва дар шаҳри Душанбе барқ новобаста аз фасли сол пайваста дода мешавад, чунин корхонаҳо аксаран дар ҳудуди пойтахт ҷойгир шудаанд»,- мегўяд котиби матбуотии ин агентӣ Мурод Ашўров.
Аммо ба иттилои Улуғов, дар натиҷаҳои санҷиши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 сентябри соли 2009 дар заминаҳои муроҷиати Клуби ташкилотҳои экологии Тоҷикистон анҷом дода шуд, аз 3 коргоҳи марбут ба коркард ва хариду фурўши оҳан барои иҷро накардани талаботи экологӣ 350 сомонӣ, дар маҷмўъ 1050 сомонӣ ҷарима ситонидаанд.
«Яке аз корхонаи ҷаримасупорида ҶДММ «Дутто» буд. Сардори корхонаи мазкур Ли Ши Кен барои вобаста накардани шахси масъул оид ба ҳифзи муҳити зист, надоштани нақшаи чорабинӣ, нагузаронидани таҳлили аналитикӣ ҷиҳати муайян намудани меъёри партофтани партовҳои зарарнок ба атмосфера 350 сомонӣ ҷарима супурд»,- мегўяд Улуғов.
РЕЙД: «ДАҲОНИ ПЎШИДА – САД ТИЛЛО»
Раёсати мубориза бар зидди ҷинояти муташаккилонаи шаҳри Душанбе 30 октябри соли ҷорӣ фаъолияти ҶДММ «Дутто-2″-ро мавриди санҷиш қарор дод. Санҷиш бо сарварии капитани милитсия Рамазон Сангов анҷом дода шуд. Нахуст, кормандони раёсат ду нафар ноболиғро бо оҳанпораҳо ба коргоҳ фиристоданд. Пас аз андаке онҳо бо дастони холӣ баргаштанд. Бо далелҳои шайъии риоя нагардидани қонун кормандони раёсат вориди коргоҳ гаштанд. Тааҷҷубовар буд, ки ҳудуди 10 нафар корманди минтақаи маъмурии милитсияи №5, ки коргоҳашон дар шафати «Дутто-2″ аст, аз воридшавии кормандони раёсат, ки либоси ғайринизомӣ доштанд, ба даву тоз даромада, изтиробомез пурсиданд: «Чӣ гап? Шумо кистед? Бо чӣ мақсад ба ин ҷо омадед?…»Дар саҳни коргоҳ ҷавонмардони хитоӣ низ нооромона ба давутоз даромаданд. Дар аснои суолу ҷавоб бо онҳо се нафар тоҷикон, ки ба ҳамлу нақли оҳанпораҳо машғул буданд, гуфтанд, ки ҳозирин ҳама забони тоҷикиро хуб медонанд. Бо ишора ба нақлиёти шахсии раиси «Дутто-2″ илова карданд, ки «сардор» низ ҳамин ҷост. Аммо бо вуҷуди ҷустуҷўйи зиёд касе ўро пайдо насохт. Пас аз чанде маълум гашт, ки ҳама кормандон, зани чинӣ, ки ўро ҳозирин ҳамсари раиси коргоҳ муаррифӣ карданд, инчунин ҷонишини раис забони тоҷикиро аслан намедонистаанд. Ҳама худро ақиб кашида, бо забони шикаста «ман намефаҳмам» мегуфтанд. Бо ҳамин як сабаб кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷинояти муташаккилона натавонистанд санҷишро босамар анҷом диҳанд: ҳуҷҷату асноди лозимаро пурсанд, камбудиҳои корхонаро ошкор кунанд. Дар интиҳо Сангов танҳо илова кард, ки ба воситаи сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой маълумоти лозимаро пас аз чанд муддат хоҳанд гирифт.
Аз маълумот
Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 994, аз 25 марти соли 2003 содироти шикастапора ва метали сиёҳ манъ карда шудааст.
Котиби матбуотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳими Умариён иттилоъ дод, ки аз рўйи маълумоти омории ин ниҳод, дар соли 2010 дувоздаҳ ҳолат ва соли 2011 дувоздаҳ ҳолати дигари ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба қайд гирифта шудааст. Яъне, нафарони қонуншикан аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марзи Ҷумҳурии Қирғизистон кўшиши баровардани оҳанпора кардаанд. Соли 2010 бошад, 34 ҳазору 800 кг оҳанпора аз ҷониби кормандони гумрук боздошт гардидааст. Дар натиҷа бо қарори суд моли онҳо мусодира ва аз онҳо 3 ҳазору 230 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Ҳамин тавр, соли 2011 низ 12 ҳолати содироти ғайриқонунии фулузот ба хориҷи кишвар пешгирӣ карда шуда, дар ҳаҷми 18 ҳазору 650 кг оҳан мусодира ва ба савдогарони бозори сиёҳ ба маблағи 2 ҳазору 979 сомонӣ ҷарима баста шуд.
ОҲАН БА ҚИМАТИ ҶОН
Бино ба иттилои нозири минтақаи маъмурии милитсияи №5, лейтенанти милитсия Усмонов Қутбиддин, 9 ноябри соли ҷорӣ Муҳаммадҷони Мансури 12-сола, сокини кўчаи Саҳбо, ҳангоми ҷамъоварии оҳанпора аз саҳни собиқ заводи хишт, ки дар маҳаллаи Сурхоби шаҳри Душанбе ҷойгир аст, аз шиддати баланди барқ ҷони худро аз даст дод. Ба гуфтаи модари марҳум Хосият Қурбонова, ҳодиса тахмин соати 11-и рўз рух додааст:
«Писаронам Ҷамшед ва Муҳаммадҷон одатан аз гирду атроф оҳанпора ҷамъ карда мефурўхтанд. Мо оилаи камбизоатем. Шавҳари беморам ҳамагӣ 450 сомонӣ маош мегирад. Худам палосҳои мардумро шуста, кўрпаву бистарҳои мардуми маҳалларо дўхта, барои рўзгузаронӣ ба шавҳарам мадад мекунам. Фарзандонам ҳам барои пардохтани пули мактаб худашон бо ҳар роҳ пул меёфтанд. Рўзи ҳодиса онҳо вориди завод шуда, кабелҳои урёнеро пайдо кардаанд. Вақте бо нияти бурида гирифтанаш даст ба он задаанд, шиддати баланди барқ Муҳаммадҷонро ба ҳалокат расондааст»,- нақл кард модари марҳум.
Тавре Марям Муқаддамова мегўяд, дар айёми Шўравӣ пионерон бо сарварии вожатиҳо ба хотири ҳифзи муҳити зист ва рушди саноати кишвар оҳанпора ҷамъ оварда, ба давлат месупориданд:
«Албатта, он айём ин амали патриотӣ ҳисоб меёфт ва хонанда ба ғайр аз раҳмат шунидан як пули сиёҳ ба даст намеовард. Агар имрўз ҳам аз чунин таҷриба истифода шаваду бидуни қонунвайронкунӣ созмонҳои талабагӣ ташаббус нишон диҳанд ва бо ҳамдастии Ассотсиатсияи волидон ва омўзгорон (АВО) оҳанпораҳои кўю кўча, асбоби рўзгори корношоям бо нархи муайян ба нуқтаҳои қабул супорида мешуд ва он маблағ ба ҳисоби сарикасӣ ворид мегардид, кори хубе мешуд. Он гаҳ дар муомила бо корхонаҳои хурди металгудозӣ на кўдакон фиреб мехўрданду на ба хароб шудани ахлоқи онҳо ин бизнес мусоидат мекард. Муҳити зисти мо олуда мегардад ё фарзандони мо ба корҳои ғайриқонунӣ даст мезананд, бегона чӣ парво дорад? Дар урфият мегўянд, ки «Гўр сўзаду деги қаландар ҷўшад»,- илова кард ў.
Ситорабонуи СОҲИБНАЗАР, «Омўзгор»
Матлаби мазкур бо дастгирии лоиҳаи SCOOP, ки ба тадқиқоти журналистӣ машғул аст, омода ва нашр шудааст

Комментариев нет:
Отправить комментарий