Ирина Николаевна Кисловаро бо як назар шинохтам. Дилам ба
ёди айёми тифлӣ гум зад. Дидори ин зани зебоандому хушгуфтор, ки солҳои пеш дар
ширхоргоҳ-кўдакистони рақами 100-и шаҳри Душанбе, сонитар дар кўдакистони рақами
6, ки тобеи Вазорати нақлиёт буд, ба ҳайси роҳбари мусиқӣ кор мекард, маро
хушнуд кард. Имрўз, ба гуфтаи Кислова, ў ягона мудири русзабон дар миқёси
ҷумҳурист.
Бори аввал кай ба боғча рафта будам, ба хотирам нест, аммо
ба ёдам ҳаст, ки ҳар саҳар модар ману хоҳарамро мегирифту мо хандону шодон сўйи
кўдакистони хеш мешитофтем. Мураббиёнамон, ки ҳанўз бо меҳри хоса ёдашон
мекунем, моро ба оғўши гарми хеш мегирифтанд. Имрўз дар ҷойи ҳар ду муассисаи
номбурда кайҳо биноҳои шахсии бошукўҳ қомат афрохтаанд. Воқеан, якеро
Сафоратхонаи Фаронса иҷора гирифтаасту дуюмаш, агар даро-барои як-ду нафарро ба
ҳисоб нагирем, хилватгоҳеро мемонад. Дар лавҳи хотири ман ҳамон ҳавлиҳои кушод,
ки воситаҳои гуногуни бозӣ доштанд, чун даргоҳи меҳру муҳаббат нақш бастаанд.
Мо, кўдакон, дар саҳни пурсояву салқин бо шавқу шўр чӣ бозиҳое мекардем… То ҳол
овози форами холаи Иринаи пионинонавоз паси гўшам чун аллаи ҷонпарвари модар
танин меандозад. Ман ба ёди он рўзҳои беғаш солҳои мактабхонӣ дар рўзномаи
"Анбоз" шеъргунае ҳам ба табъ расонида будам, ки чунин мисраъҳо дошт:
Мураббиям, мураббиям,
Туӣ шабеҳи модарам…
Сўҳбати ману Кислова аз хотираҳои солҳои пешин оғоз гирифт.
- Муаллима, шумо дигар нашудаед.
-Аз меҳрубониат сипосгузорам, азизам, аммо ту ҳам дигар он
кўдаки хурдсол нестӣ. Шодам, ки ёди мо мекунӣ-, дар ҷавоб бо табассуми малеҳ
ме-гўяд ў.
Ирина Кислова 38 сол аст, ки дар соҳаи маориф кору фаъолият
мекунад. Мегўяд, пас аз ду-се сол ба синни нафақа мерасидааст. Ў бо меҳри
беандоза дар бораи кўдакистон-ширхоргоҳи рақами 3 ҳарф мезанад.
-Бинои ин кўдакистон соли 1936 сохта шуда, кайҳо вазифаи
худро адо кардааст, - мегўяд ў,- чанд маротиба бомпўшро дигар карда бошанд ҳам,
ин иморати фарсуда боз ба таъмир ниёз дорад. Ба ҳар сурат, бино аз дохил тозаву
озода, ҳавлии он ҳам хеле кушоду барҳавост.
Аз рўйи гуфтаҳои ҳамсўҳбатам, дар кўдакистон-ширхоргоҳ дар 6
гурўҳ (4 гурўҳ барои кўдакони то синни 3-сола ва 2 гурўҳ барои кўдакони то
синни мактабӣ) дўстрўяконро бо ду забон таълиму тарбия медиҳанд, яъне, се гурўҳ
тоҷикӣ, се гурўҳ русӣ.
- Мураббиёни муассисаи мо ҳама пуртаҷрибаанд,- гуфтори
мудира оҳанги ифтихор пайдо мекунад.- Галактионова Раиса Ивановна 53 сол аст,
ки ба кўдакон сарикор мегирад. Алла Владимировна Домашенко ва Лидия Михайловна
Васина ҳудуди 20 сол дар ин самт фаъолият мекунанд. Моҳсафар Назарова, Гулнора
Наврўзбоеваю Бўстоной Валиева ҳам фидоии кори хешанд.
Мудира маро назди ҳар яки онҳо бурда шинос мекунад. Ман
холаи Раиса ва Алларо мешиносам. Онҳо низ дар кўдакистонҳои рақами 100 ва 6-и
шаҳр 20 сол пеш, шояд, дар баробари модар "як ҳарфу ду ҳарф бар
забонам" гузошта бошанд, ки мувозӣ бо забони модарӣ русӣ омўхтаам.
- Ҳама мураббиёни он давр дар ин кўдакистон ҷамъ шудаанд!-
хурсандии худро пинҳон дошта наметавонам.
-Бале. Баъд аз барҳам додани муассисаҳои номбаршуда,
мураббияҳои асилро ин ҷо даъват кардам. Ман ба сиёсат кор надорам, аммо таҷриба
нишон медиҳад, ки тифлро ҳанўз аз овони ширмакӣ забони хориҷӣ омўзонидан
самарабахш аст. Бояд ҳар фард ғайр аз лафзи ширини модарии хеш ягон забони
хориҷиро донад. Дар Тоҷикистон барои омўзиши забони русӣ ҳоло, ки замина ҳаст,
аз ин имконот чаро истифода бурда нашавад?- мегўяд Ирина Кислова.
Мебинам, ки кўдакони дустрў миёни бозичаҳои ранга "ғарқ
гаштаанд". Дил мехоҳад, ҳамроҳашон шиниву бозӣ кунӣ! Гурўҳи Лидия
Михайловна, бемуҳобо, як гўшаи сарсабзи табиатро мемонад. Шояд аз ҳамин сабаб
ҳавои ин манзил ниҳоят тоза аст. Ваҳ, ин ҷо ниҳоле то шифт қад кашидааст! Ва ин
дарахти маснуӣ нест.Турфа гулҳое, ки шукуфоянд! Аҳсан!!!
- Чунин бозичаҳои зеборо аз куҷо дастрас мекунед?- бо ҳавас
мепурсам ман.
- Дар замони Истиқлолият шароит нисбатан хуб шудааст.
Вазорати маориф ҳар сол бароямон бозичаҳои нав ба нав мехарад, вале ёфтани
китобҳои лозимӣ бо забони тоҷикӣ хеле мушкил аст. Чанде пеш дар дўкони
китобфурўшии назди чойхонаи Роҳат будам,- мегўяд Ирина Кислова.- Китобчаҳои
кўдаконаи рангаву зебо, ки аз рўйи меъёрҳои умумиҷаҳонӣ нашр гардидаанд,
зиёданд. Афсўс, ки ин гуна дастуру китобчаҳо бо забони тоҷикӣ хеле каманд.
Рости гап, барои харидани ҳамон китобчаҳои таърифӣ, ки басе гаронбаҳоянд, имкон
надорем. Мехостам чандтоашро барои кўдакистон-ширхоргоҳи худамон бихарам.
Мутаассифона… Албатта, Вазорати маориф то ҳадди имкон моро бо китобу дафтар
таъмин мекунад…
Воқеан, кўдакистон зимистонро хуб мегузаронад. Толори бозӣ
ва хонаҳои хобро ба воситаи печи "буржуйка" гарм мекунанд. Дар анбор
ангиштсанг захира кардаанд. Аз рўйи гуфтаи мудира, дар ин мавсим боре ҳам
хомўшшавии нерўи барқ рух надодааст. Аз шамолхўрии тифлакон, ки пештар ба назар
мерасид, имсол дар амонанд.
- Аз рўйи ҳисоботи сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе
чунин бармеояд, ки дар кўдакистонҳо мураббияҳо бештар вақт кўдаконро бо тамошои
ҳар гуна филмҳои бачагона андармон мекунанд, яъне, DVD ҷойи мураббияҳоро
мегирад.
- Чунин сару садоҳоро мо ҳам мешунавем. Шояд ба ин кор дар
кўдакистонҳое роҳ диҳанд, ки ғайритахассусон мураббия ҳастанд. Албатта,
пешрафти илму техника ба мо имконотро фаровон кардааст. Мо ҳам аз ин дастгоҳи
замонавӣ истифода мебарем. Яъне, бо хоҳиши падару модарон, аз рўйи барнома ба
кўдакон як соати охир филмҳои тасвирии тарбиявӣ намоиш медиҳем,- мегўяд Лидия
Михайловна,- вале тамоми рўз мо аз рўйи реҷаи муқаррарӣ кор мекунем. Мисол, аз
соати ҳафти саҳар то 8:15 дўстрўяконро қабул мекунем. Сипас, 15 дақиқаи тарбияи
ҷисмонӣ дорем, пас аз он ба кўдакон субҳона медиҳем. Баъдан,машғулиятҳои
тарбиявӣ оғоз мешаванд…
- Бале,- ба сўҳбат ҳамроҳ мешавад мураббия Моҳсафар
Назарова,- баъд аз хўрок барои кўдакони то сесола 15 дақиқа машғулият гузаронида
мешавад. Умуман, дар тўли рўз барои кўдакони аз 3 то 7-сола то 4-5 маротиба ҳар
гуна машғулият мегузаронем. Пас аз соати 11 бачаҳо дар катчаҳои хеш рўйи
бистари озода мехобанд. Соати 14 ба онҳо хўрок дода мешавад. Боз машғулияту
бозӣ давом меёбад.
Моҳсафар аслан аз рўйи ихтисос ҳамшираи шафқат аст. Даҳ сол
инҷониб ба тарбияи кўдакон машғул аст, чанд бор такмили ихтисос кардааст,
худомўзӣ ҳам мекунад, аз ин рў, наметавон ўро ғайриихтисос гуфт. Ин зани
мушфиқ, агар лозим шавад, ба кўдакон ёрии тиббӣ мерасонад, вазифаи равоншиносро
низ адо мекунад.
Мудири кўдакистон мегўяд:
- Мо расман роҳбари мусиқӣ надорем, яъне чунин воҳиди корӣ
нест. Барои ҳар гуна ҷашн худам барномаҳои фароғатӣ омода месозам. Ҳамроҳи
мураббияҳо ба кўдакон сурудҳои нав ба нав меомўзонем. Имрўзҳо барои ҷашни
Наврўз ҳам барнома омода карда истодаем. Агар рухсат мешуду аз рўйи шартнома,
ақаллан, дар ҳаҷми ним воҳиди корӣ ба маошам илова мегардид, тайёр будам, ба
кўдакон дарси мусиқӣ диҳам, зеро эҳсоси зарбу мусиқӣ мафкураи тифлро инкишоф
медиҳад.
Чунон ки огаҳ шудед, расман равоншинос ҳам надорему табиб
ҳам. Аз дармонгоҳи маҳаллӣ танҳо барои эмкунӣ ва назорати умумӣ кормандони
тиббӣ меоянду халос. Ҳатто, нафаре ҳам надорем, ки ҷилди бистару болишт ва
рўйҷоҳоро бишўяд. Ин корро дигар кормандон ба сомон мерасонанд…
- Ҳама бонувони боҳунаранд, гўед.
- Бале, ман аз онҳо фахр мекунам. Ҳар сол мо барои омўхтани
таҷрибаи ҳамкасбонамон ба дигар кўдакистонҳо меравем, назди мо ҳам таҷрибаомўзӣ
меоянд, яъне, ҳамкасбон аз кўдакистонҳои шаҳр доимо дар алоқаем, таҷриба иваз
мекунем.
Ман дар машғулияти Лидия Михайловна, ки бо забони давлатӣ
хуб ҳарф зада метавонад, иштирок кардам. Ў бо усули интерактивӣ кўдакони
навзабон (то дусола)-ро таълим медод. Яъне, дар рафти бозӣ пас аз ҳашт маротиба
такрор кардани пораи шеър ҳама азёд мехонданд:
Самолёт построим сами,
Полетим мы над лесами…
Чунон ки Лидия Михайловна мегўяд, ин тарзи таълим кўдаконро
монда намекунад, чун он ҷузъи бозӣ ҳисоб меёбад. Мураббия ба тифлакон машқҳои
билингвалӣ (дузабонӣ) медиҳад. Ман Роҳат ном духтарчаи ширингуфтореро ба сўҳбат
мекашам.
- Ба боғчаи мо хуш омадед!- мегўяд ў бо забони русӣ.
- Ташаккур, дустрўяки хола,- дар ҷавоб хандакунон мегўям
ман.
Умедворам, ки фардо ҳар яки ин кўдакони нозбўй чун насли
боҳуши замон ба воя мерсанд.
Ситорабонуи СОҲИБНАЗАР

Комментариев нет:
Отправить комментарий