Ё дар боби усули нави таълими забони русӣ
Бо ибтикори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забони русии Масква ба номи А.С.Пушкин (ДДЗР) аз 21 то 25-уми ноябри соли равон дар бинои Маркази фарҳангии Русия дар Тоҷикистон семинари илмиву амалӣ дар мавзўи "Омўзиши забони русӣ дар шароити бисёрзабонӣ" доир гардид. Дар ин ҳамоиш зиёда аз 80 нафар муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсею гимназияҳо, коллеҷҳои педагогӣ ва устодони макотиби олӣ, ки аз фанни забони русӣ дарс медиҳанд, иштирок карданд. С.Ф. Киселёв, сардори Маркази фарҳангии Русия дар Тоҷикистон, ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки омўзиш ва истифодаи васеи воситаҳои навини алоқа, аз ҷумла Интернет дар ҷараёни тадрис махсусияти семинари мазкур маҳсуб мешавад. Ҳамзамон, мавсуф қайд кард, ки иштироки профессорон ва дотсентон аз Донишкадаи давлатии забони русии Масква ба номи А.С.Пушкин бо сарварии В.Ф.Котелников аз сатҳи баланди семинар далолат мекунад.
Дар ифтитоҳи ҳамоиш Марҳабо Ҷабборова, вакили Маҷлиси намояндагони парлумон, раиси Кумитаи кор бо илму маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ширкат варзида, доир ба зарурати омўзиши забони русӣ ва мақоми он ҳамчун забони муоширати байнидавлатӣ андешаҳояшро баён дошт.
Дар қисмати амалии семинар ҳайати профессорон ва дотсентҳои ДДЗР ба номи А.С.Пушкин, аз ҷумла Э.Г.Азимов, И.А.Орехова, О.И.Горбич ва Е.А.Корчагина ба ҳамкасбони тоҷикистонии худ сўҳбатҳои хеле муфид гузарониданд. Профессор Э.Г.Азимов бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ба устодони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олии ҷумҳурӣ усули омўзиши забони русиро аз тариқи Интернет намоиш дод. Яъне, ў роҳҳои ворид шудан ба портал ва сомонаҳои махсусро, ки Вазорати маориф ва илми Федератсияи Руссия барои омўзгорон, донишҷўён ва хонандагони мактабҳо омода кардааст, барои истифода пешниҳод кард. Истифода аз ин китобҳо, роликҳо, рисолаҳои методӣ, маводи видеоию аудиоӣ, ҳуҷҷатҳои коргузорӣ барои таҳким бахшидани сатҳи забондонӣ мусоидат мекунад.
Таъкид гардид, ки истифода аз чунин воситаҳо ҳанўз роҳи ягонаи ҳалли масъала нест. Бо роҳи инфиродӣ ва ё фосилавӣ метавон як навъ забон омўхт, аммо бидуни муоширати бевосита омўзиши пурраи забон аз имкон берун аст, яъне, одам ҳангоми сўҳбат худро озод эҳсос намекунад. Барои пешгирии чунин монеаҳо роҳҳои дигари таълим, мастер-классҳо пешкаш гардиданд.
Донишманди шинохта И.А.Орехова зимни баргузории мастер-класс чунин изҳор дошт:
- Барои доир кардани семинарҳо дар Тоҷикистон гранти сесола дарёфт кардаем. Мо боз ду навбати дигар ба кишвари шумо хоҳем омад. Албатта, кўшиш мекунем, ки ҳар дафъа машғулиятҳо дар мавзўъҳои мухталифу нав ба нав бошанд. Шахсан ман бо мақсади омўхтани ниёзмандии омўзгорон ин ҷо ҳузур дорам. Мехоҳам бифаҳмам, ки муаллимони фанни забони русӣ дар Тоҷикистон ба кадом ёрии методӣ зарурат доранд. Аллакай дар мизи мудавваре, ки миёни мову устодони ин фан доир гардид, мушкилот ва тарзу низоми омўзиши забони русиро дар шароити воқеии бисёрзабонии Тоҷикистон баррасӣ кардем. Албатта, омўзгорони Тоҷикистон аз мушкилот ва норасоии методикаи дарс ба мо арз карданд. Дар навбати худ мо изҳор доштем, ки ҳозир ҳастем, то ба онҳо ёрии касбӣ расонем.
Ба гуфтаи мавсуф, шавқмандии устодони фанни забони русӣ онҳоро низ ба завқ меорад. Инчунин, дастгирӣ ва таваҷҷўҳ аз ҷониби давлати Тоҷикистон, ки асоси рушди муносибатҳои моро ифода мекунанд, ҳамкориҳоро хеле вусъат мебахшанд.
Имрўз дар миқёси давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ тамоми устодони фанни забони русӣ мувоҷеҳи мушкилоти ҳамгунанд, яъне, солиёни дароз устодон забони русиро дар шароити серзабонӣ ҳамчун забони давлатӣ ва ҳатто метавон гуфт, ҳамчун забони модарӣ тадрис мекарданд. Ин ҳолат, албатта, ба синну соли омўзгорони ин фан ҳам бастагӣ дорад. Воқеан, алъон ҷавонон дар ин соҳа кам фаъолият мекунанд. Бузургсолон, ки аз фанни забони русӣ асосан эшон дарс мегўянд, аз низому сохтори замони Шўравӣ дил канда наметавонанд. Аён аст, ки тағйир додани ҷаҳонбинии онҳо, инчунин дигар кардани муносибати эшон нисбат ба омўзонидани забони русӣ хеле мушкил аст.
- Солҳои пеш системаи забон - сарфу наҳв омўзонида мешуд,- мегўяд И.А.Орехова,- шароити имрўза тақозо дорад, ки назар ба омўзиши систематикӣ дар кишварҳои хориҷи Русия сўҳбати зинда заруртар аст. Зеро забони русӣ дар аксари кишварҳои собиқ ИҶШС, аз ҷумла, Тоҷикистон, имрўз танҳо мақоми забони муоширати байналхалқиро дорад. Ба хотири бо забони русӣ озод сўҳбат карда тавонистани шогирдон ниёз ба тарзи дигари таълим ба миён омадааст.
Бахши дигари ин чорабинӣ доир кардани мастер-классҳо буд. О.И.Горбич, номзади илмҳои педагогика, дотсенти кафедраи савтиёти забони русӣ ва равобити байни фарҳангҳои ДДЗР ба номи А.С.Пушкин, дар мавзўи тарзи замонавии таълим машғулияти амалӣ гузаронид. Аз мушоҳидаи дарси устоди мазкур хулоса кардем, ки ҳангоми дарс танҳо истифодаи техникаву технологияи навин усулҳои инноватсионии таълим ҳисоб намеёбад. Мавсуф низ дар сўҳбат ба ин ҷиҳати масъала рўшанӣ андохт:
- Аксаран аз ман бо иштибоҳ мепурсанд, ки оё усулҳои инноватсионии таълим истифода аз таҷҳизоти техникӣ аст? Дар ҷавоб чунин мегўям: Истифодаи техника танҳо дар баъзе мавридҳо яке аз воситаи ташкили дарси замонавӣ ба ҳисоб меравад. Ин мафҳум маънои васеъ дорад.
Ман дар мастер-классҳо аз боби таърихи ташаккули усулҳои таълимии педагогӣ ва мақоми он дар низоми нави таълим дарс мегўям. Дар бораи усули истифодаи методикаи мактаби маҳорати педагогӣ гап мезанам. Мактаби маҳорати педагогӣ, ки дар назар дорам, тарзи нави таълими озод аст. Дар дарсҳои ман усули анъанавии ташкили дарс аз байн меравад. Шогирдон худро дар баробари устодашон мебинанд, ба ғайр аз омўзиш менависанд, эҷод мекунанд, расм мекашанд, месароянд, умуман худро озод эҳсос мекунанд. Ин як навъ тарзи нави омўзиш аст, ки бо забони русӣ тадриси зинда мегўянд. Ин роҳи таълим натиҷаҳои хуб медиҳад: нутқи шогирдонро бурро мекунад, ҳангоми муошират, садди забонӣ бардошта мешавад, шогирдон аз сўҳбат кардан бо устодашон намеҳаросанд.
Албатта, ин тарзи тадрис на ба ҳамаи муаллимон мувофиқ аст, чунки устодоне ҳастанд, ки мактаби анъанавии дарсомўзиро меписанданд. Лекин, ба назари шахсиам, аксари устодони забони русӣ ҳама зиндадилу нируманданд. Онҳо аксаран мегўянд, ки методикаи мазкур барояшон мушкил нест, балки шавқовар аст. Аз ин рў, бо камоли ихтиёр аз он истифода мекунанд. Бояд гуфт, ки пайваста аз ин навъи дарс истифода кардан ҳам дуруст нест. Шояд ҳар сари чанд, дар як моҳ як ё ду маротиба ба ин тарз гузаронидани дарс мувофиқи мақсад бошад. Воқеан, ин усули таълим аллакай дар тамоми ҷаҳон роиҷ гардидааст. Ба ҳамин хотир, мо чунин дарсҳоро на танҳо дар макотиби Русия, балки дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷ аз он истифода мебарем.
Оё иштирокдорони семинар - омўзгорони макотиби Тоҷикистон аз ин чорабинӣ барои хеш суде бардоштанд?
Муаллимаи мактаби рақами 79-и шаҳри Душанбе Ҷилванамо Нафасбекова дар ин маврид чунин назар дорад:
- Бароям хусусан машғулиятҳои Е.Л.Коргчагина дар мавриди "Ташкили курсҳои омўзишии забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ" ва "Барномаҳои тестӣ" хеле писанд омад. Аллакай ман медонам, ки бо кадом усул ба шогирдонам аз забони русӣ дарс гўям, то онҳо бо ин забон озод фикр ронда тавонанд ва бо намояндагони миллатҳои дигар озодона сўҳбат кунанд.
Омўзгор аз мактаби № 98- и шаҳри Мирзо Турсунзода Додова Саломат Қаҳҳоровна чунин изҳор дошт:
- Ман шодам, ки дар чунин як семинари муфид иштирок кардам. Усулҳои нави таълим, ки олимони соҳибмактаби Русия дар дарсҳо истифода бурданд, бароям судманд буд. Мехостам, ки ба Руссия сафар када, бевосита дар мактабҳо натиҷаи ин усулро бубинам.
Аз гуфтаҳои иштирокдорон, семинари илмию амалие, ки дар давоми панҷ рўз аз ҷониби донишмандони соҳаи педагогикаи рус доир гардид, он хеле омўзанда буд. Воқеан, забони русӣ барои соири кишварҳои собиқ ИҶШС ва мақоми он миёни мардумони гуногунзабон ҳамчун забони муошират то андозае побарҷост. Бинобар ин, дар мактабҳо бояд усули таълим низ тағир ёбад. Аз ин лиҳоз, тавре иштирокдорон зикр карданд, баргузории семинару мастер-классҳо барои фаъолияти минбаъдаи мо мусоидат хоҳад намуд.

Ситорабонуи Соҳибназар

Комментариев нет:
Отправить комментарий