26.06.2012

НИЗОМ МАҲКАМОВ: ШОГИРДОНАМ АЗ ИСФАРА ХЕЛЕ БОИСТЕЪДОД БУДАНД

Оне муаллим буда метавонад, ки гузаштаро фаромӯш насозад, ҳамеша рӯ ба пешрафту навгонӣ бошад.
Конфутсий

МУАРРИФӢ : Низом Маҳкамов, зодаи ноҳияи Исфара, хатмкардаи факултаи автомобил ва роҳҳои автомобилгарди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон. Муҳандис-механик. Ҳоло муаллими фанни информатикаи коллеҷи политехникии рақами 8-и ба номи И.Ф.Павлови шаҳри Москва. Иштирокдори озмуни "Муаллими соли шаҳри Москва -2012". Оиладор, соҳиби чор фарзанд.
Хабари ба озмуни "Муаллими соли шаҳри Москва -2012" номзад интихоб шудани як нафар ҳамватани мо, Низом Маҳкамов, дар фазои иттилоотии байналмилалӣ - Интернет зуд паҳн шуд. Мо, аҳли қалами ҳафтаномаи "Омўзгор", низ аз ин хабар хушнуд гардида, он касро ба сўҳбати интернетӣ даъват кардем. Вақте ба Н.Маҳкамов дар тамос шудем, эшон аз шогирдонашон санҷиш мегирифтанд. Бо вуҷуди ин, ба чанде аз саволҳои мо ҷавобҳои кўтоҳ доданд. Гуфтанд, ки ҳамин рўз, дар арафаи ҷашни Соли нав озими Ватан ҳастам, шояд сўҳбатро баъди расидан ба зодгоҳ давом диҳем. Ҳамин тавр ҳам шуд.

-Мўҳтарам, Низом Маҳкамов, ин дастовард бароятон муборак бошад.
- Ташаккур. Аммо ин ҳанўз қадами аввал аст дар роҳи муваффақият. Гап дар сари он, ки... ВАО овоза кардааст, ки ман ғолиби озмуни муаллими соли 2012 шудаам. Ин имкон надорад, чун сол акнун нав мешавад ва озмун ҳанўз идома дорад. Дақиқтараш, банда аз байни 869 довталаб барои иштирок дар сабқати "Муаллими беҳтарини Москва-2012" дар қатори 10 нафар дар ҷои чорум пазируфта шудаам. Яъне, ин чунин маънӣ дорад: мо даҳ нафар танҳо зинаи аввали озмунро гузаштем, ки аз тариқи интернет бо овоздиҳии умум сурат ёфт. Ба андешаи ман, ин тарзи интихоби иштироккунандагони сабқат хеле шаффоф менамояд. Имтиҳонҳои ҷиддӣ дар пешанд. Танҳо пас аз даври сеюм ғолиби мутлақ аз байни даҳгонаи мо муайян мешавад.
-Дар қисмати ғоибонаи озмун фаъолияти довталаб аз кадом ҷиҳат арзёбӣ мешуд?
- Одатан, довталаб пешакӣ ба ихтиёри аъзои ҳакамон аз тариқи Интернет маълумотнома мефиристад. Ҳакамон довталабро аз ҳар ҷиҳат меомўзанд, яъне, ў аз ин пеш дар ягон озмун иштирок кардааст ё не, методи асосии таълимаш чӣ гуна аст, чӣ проблемае пеш мегузораду барои ҳалли он чӣ гуна роҳ меҷўяд. Дар ин маврид сифати видеомуаррифии корҳое, ки ба сомон расонидааст, низ нақш мебозад.
- Аз рўйи иттилои расонаҳои хабарӣ фаҳмидем, ки дар даври аввали озмун 869 нафар иштирок доштаанд. Шумо ба худ киҳоро ҳарифи арзанда меҳисобидед?
- Бемуболиға, иштирокдорон ҳама боқувват буданд. Москва шаҳрест, ки қариб 12 миллион аҳолӣ дорад. Пас, дар ин шаҳри сернуфус вуҷуд доштани муаллимони ботаҷрибаи зиёд табиист. Шояд ҳарифони ҳақиқиам ҳамон 9 нафаре бошанд, ки ба зинаи дуюми озмун роҳхат гирифтанд. Аҷибаш, чанд нафар аз иштирокдорон ҳам ба ман овоз доданд. Ин аз дилу нияти поки эшон дарак медиҳад. Аз ин хотир, ман гуфта метавонам, ки зинаҳои дигари сабқат низ шаффоф мегузарад.
- Аз ҳамкасбони худ дар рафти озмун чизе омўхтед? Онҳо аз шумо-чӣ? Методикаи таълими дигарон чӣ бартариҳо дошт?
-Ин сабқатро ман як навъ воситаи таҷрибаивазкунӣ ҳам медонам. Воқеан, ҳамагон аз методикаи таълими якдигар қисман огоҳ шудем. Ман тан гирифтам, ки видеомуаррифии ҳамсабқатонам сифатан беҳтар буданд. Муаррифиномаҳои фаъолияти онҳоро опреаторони касбии "Мосфилм" ба таври кироя наворбардорӣ кардаанд. Аммо ман ҳам муаллифи видеомуаррифии хеш, ҳам наворбардор ва ҳам танзимгари он будам. Аз ин рў, сатҳи сифати он аз ҷиҳати ҳунарӣ чандон баланд набуд.
Ба назарам, ба дигарон усули дарсгўии ман маъқул шуд. Дар илми педагогикаи рус "Проблемный поисковый метод" ном усули таълим ҳаст. Ман аз рўйи ин услуб амал мекунам. Яъне, мо ҳамроҳи муҳассилин мушкилоти асосии мавзўъро ба таври муштарак кашф мекунему мекўшем, ки роҳи ҳалли онро ҳам дарёбем. Дақиқтараш, барои ҳалли дурусти мушкилот шогирдон бештар фаъолият мекунанд. Ман дар ин раванд онҳоро раҳнамоӣ мекунам, яъне, дастур медиҳам, то худашон роҳи дурусти ҳалли проблемаро дарёбанд. Ин тарзи таълими интерактивист.
- Шумо дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Исфара ҳам дарс гуфтаед. Шогирдони тоҷикистониву руссиягии худро муқоиса мекунед?
- Шогирдони тоҷикистонии худро, ки хеле боистеъдод ҳам буданд, зиёд ба хотир меоварам. Солҳое, ки дар Исфара фаъолият мекардам, мардум ба Интернет кам дастрасӣ доштанд. Шояд аз ҳамин ҷиҳат хонандагонам ба андозаи шогирдони имрўзи русиягии ман соҳиби маълумоти ҳарҷониба набуданд.
Ба пиндори банда, ҳарчанд ки дар Тоҷикистон "Барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳо" дар амал татбиқ мешавад ва муассисаҳои таълимӣ компютеру принтерҳои зиёд ҳам доранд, аз норасоии барқ барои ҷорӣ кардани усули фаъоли таълим ҳанўз шароит кам аст. Охир, компютер бидуни барқ ба як қуттии нодаркор табдил меёбад. Агар проблемаи норасоии барқ дар кишвар комилан бартараф шавад, бовар дорам, ки бачагони тоҷик аз ягон шогирдони мактабҳои бонуфузи мамлакатҳои пешқадам ақиб намемонанд.
-Ҳоло дар коллеҷе, ки шумо кор мекунед, аз ҷавонони тоҷик касе таҳсил мекунад?
- Оре, аз Тоҷикистон зиёда аз 10 нафар таҳсил мекунанд.
- Бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Москва кору зиндагӣ мекунанд, иртиботе доред?
- Одатан, дар мусофират ҳамватанон ба якдигар чун додару хоҳар наздик мешаванд. Бештари муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар коргоҳҳои хизмати комуналӣ заҳмат мекашанд, яъне, фаррошанд, электриканд, сантехниканд… Дар бозорҳо ҳам кор мекунанд, аробакашҳо ҳам ҳастанд. Мо аз ҳоли якдигар хабар мегирем.
- Аҳли байтатон машғули чӣ корҳоянд?
- Писари ягонаам аз пайи ман рафт. Фарзандони дигарам касбу корҳое омўхтанд, ки метавонад, аз паси он рўзгорашон обод бошад, яъне, яке дўзанда, дигаре пазандаи касбӣ... Баъзеашон оиладор ҳам шуданд.
- Чаро бо дипломи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон пешаи муаллимиро интихоб кардед?
- Метавонистам, муҳандиси хубе ҳам бошам. Пас аз хатми донишгоҳ соли 1990 ба аспирантура даромадам. Мавзўи рисолаи илмиам басе фарогир буд. Бояд барои пажўҳиши воқеӣ аз буҷаи собиқ ИҶШС пул ҷудо мегардид. Маълум, ки ин Империяи Шўравӣ пош хўрд. Солҳои пурошўб муваққатан аспирантонро рухсатӣ доданд. Ва ман ба зодгоҳам баргаштам. Сонитар, бо сабаби дасткўтоҳӣ натавонистам таҳсилро дар аспирантура идома диҳам… Дар ин миён мебоист ба хотири таъмини рўзгор дар ҷое кор мекардам. Шароит чунин шуд, ки орзуи деринаи падарро амалӣ кардам. Падарам, ки дар ҷавонӣ орзуи омўзгор шудан доштаанд, ҷанги хонумонсўзи Олмони фашистӣ садди роҳашон шудааст. Эшон бисёр мехостанд, ки ман муаллим шавам. Ҳамин тавр, дар комбинати таълимии истеҳсолии байнимактабии рақами 1 ба фаъолият пардохтам. Ҳамзамон дар литсеи рақами 1-и шаҳри Исфара аз фанни информатика дарс медодам. Ба тадриҷ пешаи омўзгорӣ сахт маъқулам афтод. Чун ба Россия кўч бастам, аз пайи ҷустуҷўи корҳои дигар нашудам. Маро шавқу завқ сўйи таълимгоҳ кашид.
- Дар озмуни муаллими сол бори аввал иштирок мекунед?
- Соли 2000-ум дар Тоҷикистон иштирокдори озмуни ноҳиявии муаллими сол будам.
- Мактаберо, ки хатм кардаед, ҳеҷ ёд мекунед?
- Ҳар гаҳ ки ба зодгоҳ меоям, ҳатман ин даргоҳи бароям азиз - мактаби рақами 35-ро зиёрат мекунам, ба аёдати омўзгорони солрафтаи хеш меравам. Муаллимаи забони русӣ Макарова Юлия Тимофеевнаро ҳамчун фарзанд ёд мекунам. Заҳматҳои кашидаи он кас буд, ки имрўз ман дар Федератсияи Россия ба шогирдон бо ин забон дарс медиҳам. Умуман, аз тамоми омўзгорони мактаби зодгоҳам, ки дар таълиму тарбияи банда даст доштанд, миннатдорам. Устодони донишгоҳиамро низ бо некӣ ёдовар мешавам.
- Дар идомаи озмун бароятон комёбӣ орзумандем.
- Ташаккур.
P.S.
13 январ Низом Маҳкамов дар Маркази таҳсилот аз фанни информатика барои талабаҳои синфи 10 дарси кушод доштанд. Рўзи 27 январ натиҷаи бахши дувуми озмун муайян мешавад.
Барояшон пирўзӣ хоҳонем!

Комментариев нет:

Отправить комментарий