Дар шабакаи иҷтимоии Facebook Саҳобиддин Садриддинзод дар бораи хеш чунин маълумот додааст: "Соли 2010-2011 дар мактаби UBLY High School (АБЛИ Ҳай Скул)-и шаҳри Лэнсинги Аёлати Мичигани Амрико таҳсил кардам. Дар сабқатҳои бачагона аз рўйи намуди варзиши сабук иштирок карда, соҳиби 8 медал гаштам: як медали тилло, се медали нуқра ва чор медали биринҷӣ. Забонҳои русӣ, англисӣ ва то андозае испаниро балад ҳастам."
Шояд хонандагони ҳафтанома чунин пиндоранд, ки ману Саҳобиддин ба воситаи Интернет ҳамсўҳбат шуда бошем. На. Маро бо Саҳобиддин муаллими кўҳансоли забони ангилисӣ Амонатулло Ҷонбобоев, ки 41 сол собиқаи корӣ дорад, шинос кард.
Дар оғози мулоқот Саҳобиддин гуфт:
- Муаллим Ҷонбобоев устоди аввалини ман дар омўзиши забони англисӣ мебошанд. Ин кас соли гузашта сазовори медали Хизмати шоиста гаштанд, - ў ба тарафи устодаш бо як ҷаҳон меҳр назар андохт.
Воқеан, ин марди хизматнишондода то имрўз зиёда аз 50 шогирдро дарс додааст. Ба гуфти Саҳобиддин, аз хонаводаашон ў шогирди панҷумини муаллим Ҷонбобоев мебошад.
- Ду сол пеш танҳо аз ноҳияи Темурмалик 150 нафар ба озмуни барномаи FLEX ҳуҷҷат супорид, вале танҳо ду нафар барои таҳсил ба яке аз мактабҳои Амрико роҳхат гирифтем. Дар муваффақияти ман саҳми муаллим Ҷонбобоев хеле калон аст,- бо ифтихор мегўяд Саҳобиддин.
Аз устоди Саҳобиддин кунҷковона суол мекунам, ки хусусияти усули тадриси шумо чӣ гуна аст, ки шогирдатон ба чунин муваффақият ноил шудааст?
- Ҳамеша мекўшам, ки нутқи шифоҳии шогирдонро равнақ диҳам. Одатан, садди забонӣ дар пешравии кўдакон мушкилии аввалиндараҷа ҳисоб меёбад. Муаллими устокор бояд ҳамин монеаро шикаста тавонад, барои бартараф кардани он бо шогирд пайваста сўҳбати зинда дошта бошад,- дар ҷавоб мегўд ҳамсўҳбатам.
Медидам, ки устоду шогирд барои тасдиқи гуфтаҳояшон ҳамроҳ бо англисӣ сухан мекарданд. Дар сўҳбат бо шеваи тозаи амрикоӣ ҳарду озод буданд. Саҳобиддин аз устодаш мепурсид, ки ба ёд доред ба мо ҳамеша мегуфтед: "Назди Ҷонбобоев омадан ҳанўз англисӣ омухтан нест, шогирд бояд худ саъй кунад, то забон омўзад?"
Бо ҳам лаҳзаҳои аҷибро ба хотир оварданду гўё оламро фаромўш карда бошанд, механдиданд. Ба назар чунин менамуд, ки онҳо дўстони деринаанд.
Муаллим Амонатулло пас аз лаҳзае ба ман менигараду илова мекунад:
- Албатта, бе мутолиа китоби бадеӣ дар омўзиши забон муваффақ шудан ғайриимкон аст. Барои шогирдон ҳамеша бо забони асл хондани китобҳои бадеиро тавсия мекунам.
- Бале, муаллим ба мо чунин талқин мекарданд ва ман бо тавсияи эшон асарҳоро бо забони асл мутолиа мекунам. Беҳтарин китобҳое, ки хондаам, инҳоянд: "Шоҳ Лир"-и Уилям Шекспир, "Ҷэйн Эйр"-и Шарлотта Бронте…
Бартарии усули тадриси устоди ман дар он аст, ки бо мо дар рафти дарс ҳамеша бо забони англисӣ ҳарф мезананд. Новобаста аз он ки дар Амрико таҳсил кардааму аз нозукиҳои ин забон имрўз нисбатан бештар огаҳ ҳастам, эҳсос мекунам, ки ба дарсҳои устод ниёз дорам,- мегўяд Саҳобиддин.Ин устоде, ки лоиқи таҳсин асту таҷрибаи тадриси ў бояд аз ҷониби муаллимони дигар мавриди омўзиш қарор гирад, соли 1976 Донишкадаи забонҳои хориҷии шаҳри Тошканд ба номи Фридрих Энгелсро хатм карда, панҷ соли аввал дар мактаби рақами 4-и ноҳияи собиқ Совет (ҳоло Темурмалик) дарс гуфтааст. Сипас, ба мактаби рақами 1-и ноҳия гузашта, то ҳол дар ин муассисаи таълимӣ фаъолияти босамар дорад. Соҳиби унвони Муаллими методист буда, 27 сентябри соли 2011 сазовори медали "Хизмати шоиста" гаштааст. Оиладор, соҳиби ҳашт фарзанд (5 писар ва 3 духтар) аст. Яке аз духтаронаш аз паси падар рафта, ҳоло муаллимаи синфҳои ибтидоист.
Аз рўйи нақлҳои муаллим мефаҳмам, ки ў аз шогирдаш хеле фахр мекунад.
- Воқеан, Саҳобиддин фахри мактаб аст. Чанде пеш мо дар даромадгаҳи таълимгоҳ гўшае ташкил кардем, ки аз муваффақиятҳои ў ҳикоят мекунад. Ман бар он боварам, ки шогирди дўстдоштаи ман аз ин дастовардҳо саргаранг намешавад, зеро табиатан бачаи вазнин мебошад, аммо ин лавҳаи шиносоӣ метавонад дигаронро пайрави ў гардонад. Бигзор, онҳо ҳам ба мисли Саҳобиддин кўшиш кунанду муваффақ шаванд.
Бояд гуфт, ки шогирди ман танҳо бо забони хориҷӣ "булбул" нест. Ў, пеш аз ҳама, бо забони модарӣ озоду фасеҳ сухан гуфта метавонад. Ба фикри ман, ҳамин чиз ба омўхтани забони бегона ба вай чун таҳкурсӣ хизмат кардааст.
- Саҳобиддин, шунидаам, ки ту дар озмуни "The Young Journalists" ("Рўзноманигорони ҷавон")-и Амрико иштирок карда будӣ. Каме дар бораи ин озмун ва андешаи ҳамсабақонат нақл мекардӣ.
-Дар ин озмун аз тамоми давлатҳои ҷаҳон иштирокдорон буданд. Хушбахтона, ман ҷойи панҷумро гирифтам. Он рўзҳо бо ман сўҳбати телевизионӣ карда буданд. Пас аз намоиши ин сўҳбат назди ман хабарнигорон аз рўзномаҳо ҳам омаданд. Дар Амрико аз ин хусус бисёр гуфтанду навиштанд. Ин боис шуд, ки дар он кишвар сафи дўстонам зиёд шавад. Муаллимонам аз UBLY High School маро аҳсан мегуфтанд: "Аз миёни садҳо нафар ҷойи панҷумро ноил шудан кори осон нест. Воқеан, ту ғолиб ҳастӣ. Ту як бачаи хориҷӣ Амрикоро дар озмуни мазкур муаррифӣ кардӣ ва муваффақ гаштӣ, офарин!"- нақл мекунад Саҳобиддин.- Ҳама ҳамсинфонам дар шигифт монда буданд: "Чӣ хел, ту аз мо, соҳибзабонон, пешсаф шудӣ?!"- ва бо хандаи беғаш илова мекунад: - Дар ҷавоб ман мегуфтам, ки дар ин сабқат танҳо донистани забон кофӣ набуд. Ба ғайр аз ин, доштани маҳорати рўзноманигорӣ муҳим буд.
Мусоҳиби ман мегўяд, ки шавқи эҷод дорад. Ва дар ин ҷода устоди ў бобояш, муаллифи чанд китоби таърихӣ- Айниддин Гадозода мебошад, ки дар дили кўчаки набераи хеш ҳисси баланди милливу китобдўстиро парваридааст.
Саҳобиддин мегўяд:
- Дар озмуни рўзноманигорони ҷавон, дар Амрико аз ман сирри муваффақиятамро мепурсиданд. Ман бо оҳанги шўхӣ, вале бо фахр мегуфтам: "Сабаб танҳо дар тоҷик будани ман аст!"
Муаллим Амонатулло Ҷонбобоев ба пушти шогирди хеш ба маънои "Аҳсан!" сабук мезанад.
"Бигзор, кулли ҷавонони тоҷик ба мисли ту ифтихор аз миллати хеш кунанд!"- аз дил мегузаронам ман.
P.S.
Ҳангоме ки матлаби мазкур ба чоп омода мешуд, хушхабар расид, ки Саҳобиддин дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанни забони англисӣ соҳиби медали тилло гаштааст. Барояш дар сабқати ҷумҳуриявӣ муваффақият орзумандем.
Ситорабонуи СОҲИБНАЗАР

Комментариев нет:
Отправить комментарий