Соли дуюм аст, ки бо мақсади ба низом даровардани таътил дар
муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таъмини беҳдошти саломатии хонандагон дар
фасли тирамоҳу зимистон ва ҳамчунон самаранок истифода бурдани вақти
таътил аз ҷониби омўзгорон ва хонандагон мутобиқи фармоиши вазири
маорифи ҶТ пас аз хатми чоряки дуюми таҳсил таътили дарозмуддат эълом
гардидааст. Мувофиқи фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13
октябри соли 2011 имсол таътили зимистона аз 03.01.2011 то 25.01.2012
давом меёбад.
Ният кардам, дар рўзҳои таътил ба яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе равам, то бо чашмони хеш бубинам, ки дар рўзҳои таътил хонандагону омўзгорони мактаб бо чӣ корҳо машғуланд? Ба мақсади ба гимназияи рақами 53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова омадам.
Дар саҳни мактаб 2-3 нафар равуо мекарданд, ки зоҳиран ба фаррош шабоҳат доштанд. Ба дил мегуфтам, овозаи Рустам беҳ аз худи Рустам. Аҷаб, дар мактаб ягон кўдак наменамояд. Яқинан, аз кору бори ин мактаби овозадор матлаби танқидие омода хоҳам кард.
Бо ҳамин дилу ният, нахуст дар ҷустуҷўйи директори мактаб наафтодам, балки синфхонаҳоро як-як кушода медидам, ки хонандагон ба чӣ корҳо машғул бошанд. Дар баъзе синфхонаҳо аз шаш то даҳнафарӣ ба гурўҳҳо тақсим шуда машғулият доштанд, дар чанде аз дарсхонаҳо ба ранг задани мизу курсиҳо андармон буданд, баъзе омўзгорон банди сохтани асбоби аёнӣ, ҳатто, пай намебурданд, ки дари кабинеташонро кушода мепўшидам. Ду нафар духтаракон аз синфҳои болоӣ сўҳбат мекарданд, ки нигоҳашон, ба назарам, ташвишомез метофт. Баъди салому алейк огаҳ шудам, ки онҳо Мавлуда Муҳаммадиева ва Холида Абдуллоева – хонандагони синфи 11 буда, ҳамин дирўзак дар озмуни шаҳрӣ аз фанни биология иштирок кардаанду ҳанўз аз натиҷаи он хабар надоштаанд.
- Пас чаро ин ҷо истодаед? Намеравед, ки аз натиҷаи озмун огаҳ шавед?
- Ҳозир аз фанни таърих дарси иловагӣ дорем, баъди нисфирўзӣ меравем,- ҷавоб медиҳад Холида.
- Шумо, ки иштирокдори олимпиадаи шаҳрӣ бошед, чӣ ниёз ба дарси иловагӣ доред?- тааҷҷуб мекунам ман.
- Мо имсол гимназияро хатм мекунем. Барои дохил шудан ба мактаби олӣ сахт омодагӣ бояд гирем,- мегўяд Мавлуда.
Аз рў ба рўи мо писарбачаи нозукандоме меояд, ки нигоҳаш ҷиддист.
- Шаҳром, натиҷаи озмун чӣ шуд?- қариб баробар мепурсанд духтаракон аз ў.
Писарбача бо табассум даст пеши бар мегираду одоби салом мекунад.
Сонитар аз ҷонишини директор оид ба таълим Т.Ҷумъаев дар ҳаққи ин писараки ботамкин суханҳои хуб мешунавам. Шаҳроми Шоҳназар, хонандаи синфи 9, гирандаи стипендияи президентӣ, ғолиби олимпиадаи шаҳрӣ аз фанни физика (муаллим Ҳабиб Холов) аст. Ў ба ғайр аз забони модарӣ боз бо ду забони хориҷӣ – русӣ ва ангилисӣ озод сўҳбат мекунад. Ман барои итминон ҳосил кардан ба суханони ҷонишини директор бо Шаҳром бо забони ангилисӣ саволу ҷавоб кардам. Ў иброз дошт, ки ба озмуни «Талабаи сол» омодагии ҷиддӣ гирифта истодааст. Сохтани ҳар гуна асбобҳои физикиро дўст медорад. Дар Маркази рушди хонандагони болаёқати назди раёсати маорифи шаҳри Душанбе истеъдоди хешро сайқал медиҳад. Ман аз сатҳи забондонии ў изҳор қаноатмандӣ мекунам.
- Аз фанни физика хонандаи дигари мо аз синфи 11 Зуҳал Сайфуллоева низ ғолиб омад,- мегўянд Т.Ҷумъаев,- вай ҳам гирандаи стипендияи президентист. Имсол 45 нафар шогирди мо дар байни мактабҳои типпи нави ноҳия ҷойи аввалро гирифта, дар олимпиадаи шаҳрӣ иштирок карда истодаанд.
Ман аз он кас нақшаи кори мактабро барои моҳи январ дархост мекунам. Воқеан, нақшаи кори мактаб ба моҳи ҷорӣ мутобиқ ба фармоиши марбутаи вазири маориф доир ба таътили зимистонаи мактаббачаҳо дар соли ҷорӣ тартиб дода шудааст. Баъди шиносоӣ бо нақшаи чорабиниҳо аз омўзгороне, ки машғули дарсдиҳӣ буданд, дар ин хусус сўҳбат ҳам доштам. Маълум гардид, ки дар давоми таътили зимистона омўзгорон дар баробари гузаронидани дарсҳои иловагӣ ва омода кардани хонандагон ба озмунҳо, инчунин, ба бозомўзӣ ва такмили ихтисоси хеш низ машғул гардидаанд. Омўзгорони мактаб М.Бойбобоева ва М.Турсунова бо онҳо оид ба имлои нави забони тоҷикӣ машварат баргузор кардаанд. Инчунин, барои онҳо дар худи мактаб курси омўзиши компютер ва истифодаи интернет ташкил карда шудааст. Алъон 8 нафар муаллим барои гирифтани дараҷаҳои якум ва олии тахассусӣ аз аттестатсия гузашта истодаанд.
Ман ба синфхонае медароям, ки тақрибан 20-25 нафар талаба аз коғаз фигураҳои геометрӣ месохтанд. Аз рўйи гуфтаи муаллима Роҳат Абдусамадова, инҳо хонандагони синфи 8-в будаанд, ки барои ба даст овардани номи синфи беҳтарин дар миқёси ноҳияи Исмоили Сомонӣ тайёрӣ мебинанд. Аз хонандагон мепурсам, ки ҳар яке чандтоӣ китоб хондаанд? Аксари пурсидашудагон забон мехоянд ва базўр як-ду китобро номбар мекунанд, аммо номи муаллифро ба хотир оварда наметавонанд. Миёни онҳо духтараке буд бо номи Дилшод Яҳёхоҷаева. Аз сўҳбати ў дилам рўшан шуд. Вай шефтаи адабиёти бадеист. Хусусан, осори адибони ҷаҳонро бисёр дўст медорад ва аз оғози соли хониш то имрўз беш аз 10 китоби бадеӣ хондааст. Дилшод бо хоҳиши банда китобҳои хондаашро номбар мекунад: «Лётчики супоришҳои махсус»-и Волков, «Ҷиноят ва ҷазо»-и Достоевский, «Муму»-и Тургенев, ашъори классикони тоҷик…
Дар синфи дигар муаллими фанни география Рўзӣ Наврўзов бо чанд нафар шогирдаш менишаст. Ба назарам чунин менамояд, ки чанде аз духтару писарҳоро ҳамин чанд лаҳза пеш дар синфи дигар дида будам. «Шояд назарам фиреб дода бошад?»-аз дил мегузаронам ман.
- Ба ҳар дарс чанд пул мепардозед?- мепурсам аз бачаҳо?
Муаллим андаке меранҷад.
- Магар мо аз бачаҳо пул ситонем?
Т.Ҷумъаев мегўянд, ки ҳамон чил сомонӣ моҳонае, ки волидон месупоранд, аслан барои ҳамин дарсҳои иловагист. Муаллимони мо аз ду манбаъ пул мегиранд: аз буҷаи давлат ва аз ҳисоби сарикасӣ. Ҳамин тавр, дар машғулияти омўзгорони фанҳои таърих, ҳуқуқ ва информатика низ иштирок доштам. Назар ба гуфтаи муаллимон, аксаран хонандагонро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд: сустхонҳо ва аълохонҳо. Ва тарзи баргузории машғулиятҳо ҳам мувофиқи фаҳмиши ҳар як гурўҳ сурат меёбад.
Дар охир маро ҷонишини директор ба дафтари кори сарвари мактаб А.Боронов ҳидоят мекунанд. Ва раҳораҳ сўҳбатро давом медиҳанд:
- Омўзгорони мактаби мо ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ ба рўзномаву маҷаллаҳо обуна шудаанд, аз ҷумла 20 нусха «Омўзгор» мегирем. Ростӣ, вақтҳои охир ҳафтаномаи хеле хонданӣ шудааст. Пештар мегуфтанд, ки газета бояд фақат иттилоот диҳад. Аммо ҳоло омўзгор дар саҳифаҳои ҳафтаномаи худаш он чизеро меёбад, ки барояш намерасид, яъне, мақолаҳои методӣ, маслиҳатҳо… Аммо дар чанд шумора аз математика чизҳое чоп шуданд, ки хатоҳо доштанд, хусусан, дар мавриди гузаштан аз як система ба системаи дигар… Агар бо олимони кафедраи математикаи Донишгоҳи омўзгорӣ дар ҳамкорӣ ин корро давом дода мешуд, хуб мебуд.
Ва инак, мо дар кабинети барҳавои директори мактаб А.Боронов. Эшон чун мефаҳманд, ки аллакай ба тамоми синфхонаҳо сар халонида баромадам, табассум мекунанд. Ман аз ин табассум як ҷаҳон маъно мебардорам ва ба он кас барори кор мехоҳаму хайру хуш мекунам. Онҳо ба гуселам мебароянд. Дар роҳрав муаллим Ҷумъақул Ҷумъазодаро вомехўрем, ки бо ҳавсалаи тамом мизҳои кабинети адабиётро ранги сафед мезаданд. Ёдам меояд, ки ман замоне дар назди ин омўзгори шинохта бо тарсу ҳарос аз адабиёт имтиҳон месупоридам, то аз синфи 4 ба синфи 6 ба тариқи экстернат гузарам. Он кас бо ҷиддияти том саволборонам мекарданд ва … банда якбора се синф боло «ҷаста» будам! Аз он айём 15 сол гузаштааст. «Бо гузашти вақт сари муаллим сап-сафед гаштааст, хеле лоғар ҳам шудаанд, хаста менамоянд»,- аз дил мегузаронам ман. Вале чун Ҷумъазода сар аз кор бардошта, ранги дасташонро бо латтае пок кардан мегиранд, пай мебарам, ки ҳанўз он оташи шавқу шўр аз ин чашмон барқ мепошад.
- Монда набошед, муаллим!
- Саломат бошед, саломат бошед!- бо шеваи хоси худ тез-тез мегўянд он кас.
Аз мактаб бо қаноатмандӣ мебароям. Воқеан, ин ҳангом ҳам саҳни мактаб холист, аммо назари банда ба ин манзара дар бозгашт тамоман дигар гардидааст.
Ситорабонуи Cоҳибназар

Комментариев нет:
Отправить комментарий