26.06.2012

ДУХТАРОН ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТАНД?!

Ё ҚОНУН ДАР ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ҶАВОНДУХТАРОН ЧӢ МЕГЎЯД?

Ба таҳсил дастрасӣ надоштани бархе аз духтарон яке аз масоили мубрами рўз гардидааст. Агар солҳои муноқишаҳои шаҳрвандӣ гила аз бесарусомониҳо мекардем, имрўз, ки замона орому осоишта асту ҳеҷ хавфе барои амнияти фарде вуҷуд надорад, пас, баҳонаи онҳое, ки садди роҳи донишандўзии духтарони хеш мешаванд чӣ буда метавонад? Худи онҳо ҳам хуб медонанд, ки баҳонае ба мисли «шароити молиявии оила имкон намедиҳад, ки фарзандамро ба мактаб фиристам» дигар ба кор намеравад. Банда, ки соҳиби се духтарчаи нози ноз ҳастам, аксаран аз бемасъулиятиву хунукназарии волидайн нисбат ба духтарон азоби руҳӣ мекашам. Поймол шудани ҳуқуқи ҳар як духтари тоҷикро, ҳамзамон, чун таҳқире нисбат ба фарзандони хеш мепазирам.
Чанде пеш дар яке аз кўчаҳои пойтахт, ки ба сар мебарам, ҳодисаи нанговаре рух дод. Аниқтараш, чанд нафар падару модар барои аз мактаб гирифтани духтаронашон ба шўъбаи амнияти ноҳиявӣ даъват шуда буданд. Шаҳрвандон М.З., О.П., Г.Т. ва чанде дигар барои мактабхонии духтаронашон Шамсия, Сайёра, Нозанин, Нигина ва Гулпарӣ (номҳои аслиашон дигар аст) монеъ шуда будаанд.
Аз рўйи гуфтаҳои Перўза Азорабекова, раиси занони маҳаллаи Телман, муддати чанд сол аст, ки духтарони ин оилаҳо ба мактаб намерафтаанд ва ин боиси ташвиши фаъолони маҳалла ҳам буд. «Пас аз қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияти фарзанд» ёфтани роҳҳои ҳалли қонунии чунин проблемаҳо осонтар шудааст. Пас аз мулоқот бо мақомоти дахлдор падару модарони номбурда ба зудӣ фарзандонашонро аз нав ба мактаб супурданд. Имрўз духтарони аз 12 то 16-солаи онҳо боз дар сафи мактабиёнанд»,- хулоса мекунад фикри хешро ҳамсўҳбати ман.
Ман аз ин «сўҳбат» қонеъ буда наметавонам. Асли воқеа чӣ буд? Бо чӣ роҳ садде, ки аз ҷониби падару модарони «гапнодаро» дар роҳи илму маърифатомўзии «паршикастаҳо» гузошта шуда буд, бартараф гардид? Ин шавқу шўри касбӣ маро ҷониби манзили дуошёнае мекашад, ки дару девори ҳавлиаш барои духтари навраси ин хонадон қафаси тиллоӣ гардидааст.
Дарвозаро ба рўи банда кадбонуи хонадон М.З. (аз рўйи хоҳиши раиси занони маҳалла номҳо мустаор гардонида шуданд) боз мекунад. Сўҳбати нимсоата бо ин зан хеле маҳзунам кард. Вай аз ҳамсояҳо домангир аст, ки аз рўйи бадбинӣ «аз болояш навиштаанд». Яъне, ба фикри ў, ба мактаб нарафтани фарзандаш ҳеҷ айбе надоштааст. «Шамсия аз синфи панҷум хонашин буд,- мегуфт ҳамсўҳбатам, ҳамин сол аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ падари фарзандонамро таҳдид ҳам карданд: «Агар духтаратонро ба мактаб намонед, шуморо аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум мекунем.» Маҷбур шудем, Шамсияро боз ба ҳамон синфе барем, ки мехонд.
- Аҷабо, духтари шонздаҳсоларо ба синфи панҷ бурдед?
-Не-е,- сар меҷунбонад модар,- ба синфи нўҳ додем. Ҳамроҳи ҳамсинфони собиқи худаш мехонад. Шукри Худо, баъди ягон моҳ синфи нўҳро хатм мекунад,- ҷони мо ҳам халос.
- Дилатон насўхт, ки Шамсияро муддати дароз миёни чор девор нигаҳ доред? Вай метавонист то ин вақт саводи хубе гирад.
- Чаро дилам сўзад, вай дар дасти зани Мавлавӣ саводи исломӣ мегирифт.
- Зани Мавлавие, ки мегўед, ҳоло ҳам духтаронро сабақ медиҳад?
- Не, бечорара калонҳо тарсонданд, дигар сабақ намедиҳад.
- Маълум мегардад, ки Шамсияи шуморо баъди 1-2 моҳ боз ҳаёти пешина интизор аст.
- Рости гап, мехоҳам, ки духтарам шогирди ягон зани дўзанда шавад.
- Хуб мекунед, дар зиндагӣ хайётон ҳамеша лозиманд.
Ёд дорам, солҳои пеш муассисаҳое бо номи Комбинати таълимии касбӣ (УПК) вуҷуд доштанд. Дар чунин комбинатҳо хонандагони синфҳои болоӣ ихтисосҳои гуногун меомўхтанд: ронандагӣ, ҳуруфчинӣ, қаннодӣ, дуредгарӣ, дўзандагӣ, челонгарӣ… Албатта, дар ҳар комбинати таълимӣ вобаста ба талаботи ҳамон минтақа ба хонандагон чанд касбу кор омўзонида мешуд. Он замонҳо аксаран толибилмон хеле фаъол буданд, зеро сертификатҳое, ки аз комбинатҳои таълимӣ дода мешуданд, ҳама қонунӣ буданду дар оянда ба кор мерафтанд. Падару модарон барои касбомўзии фарзандон маблағ низ сарф намекарданд.
Имрўз ҳам курсҳои гуногуни пулакие мушобеҳ ба УПК-ҳои собиқ вуҷуд доранд. Яъне, аксаран чунин давраҳои омўзишӣ берун аз мактаб бо ташаббуси соҳибкорони инфиродӣ таъсис дода шудаанд. Аммо на ҳар падару модар аз пайи таълиму тадриси духтарони хеш мешаванд, зеро дар шуури онҳо ҳамон ақидаи фарсуда нақш бастааст: «Духтар – моли мардум.»
Пас, роҳи ҳалли масъаларо бояд ҷуст. Дар эҳё кардани фаъолияти комбинатҳои касбомўзӣ барои «паррончак» шудани «паршикастаҳо» бо боли илму маърифат шояд мададе гардад. С. СОҲИБНАЗАР

Комментариев нет:

Отправить комментарий