26.06.2012

МАЛИКАИ НАВРЎЗИ ЕКАТЕРИНБУРГ – МАДИНА

Боре ба Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом як коре рафта будам. Вақти сўҳбат муовини директории марказ Нодира Зуҳурова дар бораи донишҷўёни тоҷике, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, аз ҷумла дар ҳаққи донишҷўи риштаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии касбии омўзгории Федератсияи Русия воқеъ дар шаҳри Екатеринбург Мадина Файзиева суханҳои гарм гуфт.

Чун майли ошноӣ бо Мадина кардам, бароям нишонии интернетиашро дод.
Мукотибаи мо чанд вақт идома дошт. Ману ин духтари хушсўҳбат аҳди хоҳарӣ ҳам бастем. Насиб бошад, пас аз хатми донишгоҳаш во хоҳем хўрд.
Мадина ҳамин сол донишгоҳро хатм мекунад. Дар оянда иқтисоддон мешавад. Ў гирандаи идрори президентии «Дурахшандагон» буда, 5 сол аст, ки дар донишгоҳ танҳо бо баҳои аъло мехонад.
Дар бораи таҳсил дар донишгоҳаш бо як ҷаҳон эҳсоси гарм нақл мекунад.
- Ҳақиқатан, таҳсил дар хориҷа хеле мушкил аст,- мегўяд ҳамсўҳбатам. Ва идомаи сухан мекунад:
- Алалхусус, барои он нафароне, ки мактабро ба забони тоҷикӣ хатм карда бошанд, садди забонӣ мушкилиҳо пеш меорад. Ба ғайр аз ин, дар ҷойи нав на ҳар кас худро озод эҳсос карда метавонад, чун тафаккур ва ҳуввияти миллиаш дигар аст. Яъне, мўҳлате лозим, ки кас ба шароити нав мутобиқ шавад. Шахсан барои ман дар Екатеринбург садди забонӣ вуҷуд надошт, зеро ҳанўз дар Тоҷикистон забони русиро хуб медонистам.
- Ба назарам, танҳо донистани забон кифоят набудагист. Донишҷўе, ки ҳаваси таҳсил дар хориҷа дорад, ҳадди ақал бояд каме фаъол ҳам бошад, то дар ҳаёти фарҳангии донишгоҳ, дар озмунҳои мухталиф иштирок кунад. Ҳамту не?
- Вале ба назари ман, дар сатҳи баланд донистани забони таълим калиди муваффақиятҳост,- ҷавоб мегардонад Мадина.- Тасаввур кунед, ки кас шуҷоатманд бошаду забондон не… Охир, ҳар инсон ҳунару истеъдод ва эҳсоси хешро бо ёрии забон ифшо месозад.
Шукр, дўстонам мегўянд, ки Мадинаи мо ҳам ин дораду ҳам он. Дар ҳақиқат, дар муқоиса бо дигар донишҷўёни муқимӣ ҳамеша фаъол будам. Муддати панҷ сол аст, ки дар чорабиниҳои ҷамъиятии муносибатҳои этникӣ иштирок мекунам, раиси ташкилоти ҷамъиятии тоҷикҷавонони Урал «Абўали ибни Сино» ҳастам. Дар конфронсҳои байналмилалӣ зуд-зуд маърўза мехонам.
Мадина ифтихор дорад, ки ду сол инҷониб Маликаи Наврўзи донишгоҳ буд.
Ба саволи мо дар мавриди муносибаташ бо ҳамкурсон ҷавоб медиҳад: «Аъло!!!» Ситорабонуи СОҲИБНАЗАР

Комментариев нет:

Отправить комментарий