26.06.2012

ЗИ ДАРЁ СЎЙИ УҚЁНУС

Маркази барномаҳои бйналмилалии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷкистон имрўз барои ҷавонон дар роҳи такмили дониш имконоти васеъ фароҳам овардааст, ки солҳои пеш танҳо орзу буда метавонист.
Чанде пеш бо директори марказ Ҳабибулло Мирзоев ва муовини ў Нодира Зуҳурова сўҳбате доштам. Тавре онҳо зикр карданд, марказ ба ҷавононе, ки дар дил шавқу завқи дар хориҷи кишвар таҳсил кардан доранд, дасти ёрӣ дароз мекунад. Яъне, нафароне, ки дар соҳаи интихобкардаашон дониши кофӣ доранд, метавонанд, бе ҳеҷ тарсу ҳарос ба марказ муроҷиат кунанд. Онҳо имкон меёбанд, ки донишҷўи беҳтарин донишгоҳҳои мамолики хориҷӣ шаванд. Бо тавсияи муовини маркази номбурда бо чанде аз ҷавонони муваффақ аз тариқи интернет сўҳбат кардам. Ҳабиба Шарифова ва Шаҳбоз Қодиров аз зумраи 230 нафар донишҷўи беҳтарини соли ҷорианд, ки ба ҳайси гирандаи идрори президентии «Дурахшандагон» дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд.
Шаҳбоз ҚОДИРОВ – донишҷўи соли панҷуми факултаи техникаи ҷустуҷўӣ ва коркард аз рўйи ихтисоси муҳандис-технологи чоҳпармакунӣ дар Донишгоҳи давлатии ҷустуҷўи геологии ба номи Серго Орджоникидзеи шаҳри Москва
Ҳабиба ШАРИФОВА – донишҷўйи соли 2-юми Донишгоҳи давлатии авиацияи граждинии Санкт-Петербург (СПбГУГА) аз рўйи ихтисоси идораи маҷмааи фурудгоҳӣ
Сўҳбат бо ин ду нафар, ки басе худогоҳу илмдўст ҳастанд, бароям хушоянд буд. Ба саволҳои ман, ки ба ҳардуяшон якранг буд, ҳар кадом ба таври худ ҷавоб мегуфтанд.
- Дар солҳои аввали таҳсил мушкилие пеш омода буд? Таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои Россия чӣ гуна аст? Оё дар вақти омўзиш садди забонӣ эҳсос мекардед ё на?
Ш.Қ: – Ягона камбудии ман аъло надонистани забони русӣ буд. Ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, сахт мекўшидам, ки ҳамеша дар дарсҳо ва семинарҳо пешсаф бошам. Шабҳои бехобӣ мекашидам, то ҳама устодонамро қоил кунам.
Рости гап, соли аввали таҳсилу зиндагӣ дар Москва бароям хеле мушкил буд. Баъзан аз норасоии моддӣ азоб мекашидам. Ба назари банда, агар донишҷў воқеан тамоми вақташро ба омўзиш сарф кунад, дар ягон ҷо барояш дониш андўхтан мушкил нахоҳад шуд.
Ҳ.Ш: – Ман ҳамчун хатмкардаи гимназияи «Ҳотам ва ПВ» ҳам таҳкурсии мустаҳками илму дониш доштаму ҳам забондон, ки будам, мушкилие эҳсос накардам. Дуруст аст, ки азхуд кардани фанни авиатсияи шаҳрвандӣ андаке заҳматталаб буд. Зеро дар мактаб аз асосҳои ин фан таълим дода намешавад. Яъне, на танҳо ман, балки мо, ҳама ҳамкурсон, метавон гуфт алифбои авиатсияи шаҳрвандиро дар донишгоҳ омўхтем. Масалан, ман, то он ки ба донишгоҳ дохил шавам, дар бораи авиатсия маълумоти сатҳиву содае доштам. Тасаввур кунед, ки бори нахуст ба тайёра ҳангоми парвоз ба Санкт-Петербург нишастам. Баъдтар, дар рафти дарсу вақти таҷрибаомўзӣ маълумоти бештаре гирифтам.
- Берун аз дарсҳо бо чӣ корҳое машғулед?
Ш.Қ: – Аз солҳои аввали таҳсил бо донишҷўёни дигар донишгоҳҳо дар ташкили намоишгоҳи байналмилалии «Фарҳанги халқҳои ҷаҳон» иштирок мекунам ва аз ҷониби Тоҷикистон намояндаи он ҳастам. Барои иштироки фаъолона ду маротиба бо Ифтихорномаи дараҷаи аввал мукофотонида шудам. Аз оғози соли дуюми таҳсил ба чорабиниҳои илмиву ҷустуҷўӣ, конфронсҳои байналмилалӣ рў овардам. Чор маротиба дар озмуни «Кори илмию таҳқиқотии беҳтарини донишҷў» иштирок карда, бо дипломи дараҷаи аввал сарфароз гардидам. Ман муаллифи 12 мақолаи илмӣ, 5 дастури мултимедиявии таълимиву методӣ буда, инчунин, барои ҳамкорӣ дар ташкили базаи электронии донишгоҳҳо ба сипосномаи раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино ва раёсати Донишгоҳи давлатии техникииТоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ сарфароз гардонида шудаам.
Ҳ.Ш: – Дар Санкт-Петербург Маркази ҷамъиятии донишҷўёни тоҷикистонӣ (МОСТ) вуҷуд дорад, ки моро дар баробари Маркази барномаҳои байналмилалии Тоҷикистон дастгирӣ мекунад. Бо мо тез-тез вохўриҳо мегузаронанд. Кўшиш мекунанд, то ба мо дар ҳар гуна масъала ҳадди имкон ёрӣ расонанд. Бо бисёре аз иштирокдорони ин маҳфил ба воситаи интернет ҳамсўҳбат мешавем. Албатта, беҳтар мебуд, агар аз Маркази барномаҳои байналмилалӣ, бевосита барои гузаронидани ин навъ чорабиниҳо ба назди мо барин донишҷўён ҳам махсус намояндаҳо мефиристоданд. Соли гузашта аз Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати мо омада буданд ва ин вохўрӣ хеле босамар буд.
- Маслиҳати шумо ба довлталабон ва умуман, онҳое, ки дар оянда донишҷў шуданианд, чӣ буда метавонад?
Ш.Қ: – Пеш аз ҳама, бояд довталаб дар наздаш мақсади дақиқ гузошта бошад ва барои ба мақсад расидану муваффақ будан саъй кунад. Қадри ҳар лаҳзаи ҳаёташро донад. Аз паси молу мулки бебақо не, аз паси илму амал шавад. Ватану модари хешро дўст дорад.
Ҳ.Ш: – Ман аз ҳаёти ҳамкурсони хеш медонам, ки барои дар Русия таҳсил кардан маблағи ниҳоят калон лозим аст. Аммо мо, муҳассилини тоҷик, хушбахтем, ки аз дастгирии Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархўрдорем. Ба ғайр аз ин, пас аз хатми донишгоҳ барои ҳар яки мо ҷойи кори муайян омода аст. Умедворам, ки аз ин имконот хатмкунандагони макотиби кишвар огоҳанд. Ва шояд, дар донишандўзӣ бештар кўшиш ба харҷ медиҳанд. Барои довталабони оянда муваффақият орзу дорам!
Ситорабонуи СОҲИБНАЗАР

Комментариев нет:

Отправить комментарий