«Зиндагӣ маҷмўаи сужаҳост, танҳо онҳоро дуруст ҷо ба ҷо бояд гузошт, то
аз он филми бомўҳтавое таҳия гардад».
Ин мулоҳизаи як нафар тоҷикписар аст, ки донишҷўи соли сеюми риштаи режисурии Донишгоҳи давлатии кинематографии ба номи С. А. Герасимови Федератсияи Россия (ВГИК) мебошад. Румӣ Шоазимов чанде пеш меҳмони ҳафтаномаи «Омўзгор» буд. Ў маънии ҳаёташро дар санъат мебинад. Дар сўҳбати чандсоата ба хулосае омадам, ки дар ҷодаи пурпечутоби санъат толеи Румӣ фавқулодда баландӣ кардааст. Яъне, ба воситаи Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барояш имкони таҳсил дар заминаи идрори президентии «Дурахшандагон» дар маъруфтарин мактаби кинои Россия фароҳам омада.
Румӣ новобаста ба ҷавониаш дар сўҳбат марди солори рўзгордидаро мемонад. Воқеан, ў ҳамчун фарзанди айёми ҷанги шаҳрвандӣ талхиву ширинии зиндагониро чашидааст.
«Бачагии сахт доштем мо, замоне буд, ки дўстро аз душман ҷудо кардан намешуд, кўчаву хиёбонҳо валангор, дили мардум вайрон…Шукр, ки ҳамаи ин дарду ғам бебозгашт рафт. Дардҳои Ватан на танҳо дармон ёфтанд, балки кишвари мо рўз то рўз пеш меравад, ба таври шинохтанашаванда обод мегардад. Имрўз гул-гул шукуфтани Тоҷикистони азизро мебинаму басе хурсанд мешавам»,- мегўяд ў.
Албатта, халқу Ватан аз Румӣ барин ҷавонони соҳибистеъдод умедҳои калон доранд. Вай бо мақсади дар пешрафти кинои тоҷик ҳисса гузоштан барои таҳсил ба хориҷа рафтааст. Зеро ВГИК мутахассисони беҳтарини кино ва телевизионро омода мекунад.
Румӣ мегўяд: «Миёни шарикдарсон дар синну сол аз ҳама хурд ҳастам. Бо вуҷуди ин, ман худро ноҳинҷор эҳсос намекунам. Шарикдарсон ба ин ҷиҳати масъала ҳеҷ эътибор намедиҳанд. Ҳар кас соҳибистеъдод бошад, соҳибобрў ҳам ҳаст. Мусаллам аст, ки агар истеъдоди худодод сайқал наёбад, соҳиби он ба ҷое расида наметавонад. Ман барои расидан ба мақсадҳои олӣ саъю ҳаракат дорам».
Чунон ки ҳамсўҳбати ман гуфт, аксари довталабони ВГИК ашхоси соҳибдиплом буда, баъди хатми Донишкадаи ҳунарҳои зебои кишвари худ барои дар ин донишгоҳ таҳсил кардан ҷуръат пайдо мекардаанд.
Ба қавли ў, ба ин донишгоҳ ҳуҷҷат супурдан худ шуҷоатмандист.
- Пас чӣ иттифоқ афтода, ки ту барин як навраси 16-17-соларо бидуни шакку шубҳа ба сафи донишҷўён қабул кардаанд? – мепурсам аз ў.
- Ман худ намедонам, ки чаро?- китф дарҳам мекашад Румӣ.
Ва аммо банда дар ботин ба саволи хеш ҷавоб медиҳам: «Чашмони беолоиши ин ҷавонро нигар. Шояд нигоҳи тозааш устодонро шефтаи хеш карда бошад? Румӣ, ки хатмкардаи гурўҳи русии гимназияи ба номи Низомии Ганҷавии пойтахт (соли 2009) аст, дар баёни дониш ва нишон додани маҳорату истеъдоди хеш назди имтиҳонгирандагон, итминон дорам, ки азоб накашидааст.
Назар ба гуфтаи Румӣ устодон ўро дӯст медоранд, ҳар дафъае, ки маҳсули эҷодашро пешкаши онҳо мегардонад, таҳсину офарин мехонандаш.
– Устодон мегўянд, ки маро дар ҷодаи синамо ояндаи дурахшон интизор аст. Хушбахт аз онам, ки дар Мактаби Владимир Валентинович Меншов ва Владимир Иванович Тумаев таҳсил мекунам. Онҳо устодони машҳуру соҳибҷоизаи санъати синамо ҳастанд».
Бале, рост мегўяд Румӣ. Барои тамошобинони тоҷик филми В.Меншов «Москва ба ашк бовар надорад», ки соли 1980 баландтарин ҷоизаи синамо – «Оскар»-ро ба даст оварда буд, бегона нест.
Чунон ки Румӣ мегўяд, таҳсил дар Донишгоҳи давлатии кинематографии ба номи С. А. Герасимови Федератсияи Россия душвор ҳам ҳаст. Дар соли аввали хониш машғулиятҳо аз субҳ то шом давом меёбанд. Баъзе рўзҳо то соатҳои яки шаб машқ мекунанд. Барои ношоямии ҳирфаӣ (профнепригодность) аз донишгоҳ хориҷ кардани донишҷўён ҳолати маъмулист. Баъзан донишҷўёни соҳибистеъдод ҳам ба барномаҳои басо мушкили донишгоҳ тоб наоварда, тарки таҳсил мекунанд. Масалан, як нафар ҳамкурси қирғизистонии ҳамсўҳбати ман аз риштаи наворбардории (операторӣ) ВГИК, ки муҳассили мактаби маҳорати И.Клебанова буду аллакай аз ўҳдаи бисёр корҳо мебаромадааст, ба ҳаёти мушкил ва пурталоши Москва истодагарӣ накарда, ба ватанаш баргаштааст.
Вале ҳамдиёри ҷавони мо шефтаи олами ҷаззоби синамо, ки ҳаст, ҳатто намехоҳад, рўзҳои таътил ба Душанбе омада, «дам гирад».
Пас аз соли аввали хониш Р.Шоазимов омодаи ба навор гирифтани либреттои 10-20 дақиқагӣ буд. Аммо дар рафти кор ў ба хулосае меояд, ки сужаи интихобкардааш лоиқи филми комил аст. Ҳамин тавр, «Бозии эҳсосот» филмбардорӣ шуд ва нақши асосиро ҳунарманди шинохтаи Театри академии ба номи А.Лоҳутӣ, пири ҳунар Баҳодур Миралибеков бозид. Ба нақшҳо дар «Тоҷикфилм» овоз ҳам доданд. Он ҳангом Р.Шоазимов ҳамагӣ 18 сол дошт! Вобаста ба ин рўйдод, рўзномаи «Иттифоқи кинематографистони Россия» «Таърихи бардавом ва ё чӣ гуна дар 18-солагӣ филми комил ба навор бардоштан мумкин аст» («История с продолжением или как снять полный метр в восемнадцать») рўйи чопро дид.
Коргардони ҷавон аз дастгирии Маркази Барномаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон, алалхусус, директор ва муовини он Ҳабибулло Мирзоев ва Нодира Зуҳурова ташаккур мегўяд, ки дар тўли таҳсил ба ў дасти ёрӣ дароз кардаанд. Аз ҷумла, бар замми пардохти музди таҳсил дар Россия, сарпарастии филмҳояшро низ марказ ба зима гирифтааст.
«Бе мадади Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳое, ки то имрўз ман ноил шудаам, расидан аз имкон берун мебуд»,- бо сипосмандӣ ба сўҳбат хотима мебахшад Румӣ Шоазимов. Ситорабонуи СОҲИБНАЗАР

Комментариев нет:
Отправить комментарий