26.06.2012

ИН АСТ МАЪНОИ ЗИНДАГӢ

Вақте, ки ба хотири маълумот пайдо кардан дар бораи истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон аз хидмати ҷустуҷӯи интернетӣ истифода мебурдам,   назарам ба сомонаи www.multikid.tj афтод. Он ҷо  зикр гаштааст, ки «Мултикид» маркази таълимиест барои инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии кӯдакони синни томактабӣ ва мақсади асосии ин марказ омода кардани тифлакон ба мактаб  аст. Аз рӯйи шавқу завқ хостам бо ин муассиса аз наздик шинос шавам. Нишонии «Мултикид»-ро аз сомонаи зикршуда гирифтаму ба он даргоҳ шитофтам.

Манзура Ҷӯраева, раиси ин маркази таълимӣ, маро хуш қабул кард. Ӯ муаллифи силсилаи афсонаҳои «Саргузашти аҷоиби Мушак» мебошад, ки дастури мунаққашест барои кӯдакони синни томактабӣ. Ин воситаи таълимӣ китобчаи аудиоӣ буда, матни он аз ҷониби ҳунарпешагони шинохтаи тоҷик қироат гаштааст.  «Саргузашти аҷоиби Мушак» бо дастгирии молиявии шўъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон нашр шуда, дар кўдакистонҳо, марказҳои таълимӣ ва хонаи кўдакон ройгон паҳн гардидааст.
Манзурабону 28 июни соли 1964 дар шаҳри Конибодом дар оилаи шахсони баобрӯ, геолог Тоҳирҷон Расулов ва муаллимаи забон ва адабиёт Робия Аҳмадова ба дунё омада, дар шаҳраки Адрасмон, ки падараш дар он ҷо фаъолият дошт,  ба воя расидааст. Соли 1986 ба Институти забон ва адабиёти рус (ҳоло Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода) ҳуҷҷат супурд. Қаҳрамони мо 19-солагӣ бо агроном Музаффар Ҷӯраев оила барпо мекунад. Дар оилаи хушбахт се фарзанд Даврон, Дилшод ва Муниса ба дунё омаданд…
Дар давоми чанд лаҳзаи гуфтугӯ пай бурдам, ки Манзура Ҷӯраева бонуест қавиирода, дар қавли хеш устувор ва дар кору бор ба атрофиён намунаи ибрат. Ӯ чанд сари сол дар Донишгоҳи тиббии кишвар аз забони русӣ дарс мегуфт. Ҳарчанд ҷойи кораш бад набуд, аз худ қонеъ намегардид. Аз ин рӯ,  бо ширкати ғайридавлатии «Модар» ҳамкорӣ оғоз кард ва ба ҳадафи аслии хеш – кӯмак ба мардум муваффақ гашт.
Манзура Ҷӯраева мегӯяд, ҳар кор мушкилии худро дорад.  Ӯ ҳам дар оғоз ба маблағгузорон ва мадади маънавии дӯстон ниёз дошт. Имрӯз маркази таълимии «Мултикид» аз рӯйи лоиҳаҳои «Лонача», «Тайёрӣ ба мактаб», «Мактаби якшанбегии забони англисӣ барои хурдтаракон», «Забони англисӣ барои наврасон», «Забони русӣ», «Илмҳои физика ва риёзӣ», «Санъати «Батик», «Мактаби модарони ҷавон», «Таҳсил дар хориҷа» ва «Истироҳатгоҳи тобистона барои забономӯзӣ» амал мекунад.
Зимни сӯҳбат Манзура Ҷӯраева ҳадафҳои баъзе аз лоиҳаҳои марказро қайд кард. Лоиҳаи «Лонача» як барномаи марҳилавӣ барои бачаҳои аз се то панҷсола аст. Он ба тавсеаи мантиқ, тафаккури тасвирӣ, инкишофи усули ҳифз (бозиҳо барои машқи ҳофиза) нигаронида шуда, барои мутобиқсозии кӯдак ба ҷомеа созгор аст. Ин лоиҳа бо мадади ташкилоти DVV International амалӣ гардидааст.
Ба назари М.Ҷӯраева, имрӯз аксари волидайн худ ниёз ба таълим доранд, зеро масъулияти тарбияи кӯдак басе душвор аст. Ин буд, ки мутахассисони мо барномаи махсусеро барои модарони ҷавон омода кардаанд ва он дар шакли лоиҳаи «Мактаби модарони ҷавон» рӯйи кор омад. Мусоидат ба волидайн дар таълим ва инкишофи кӯдак (аз замони таваллуд то шашсолагӣ) мақсади асосии лоиҳаи мазкур мебошад. Натиҷаҳои омӯзиш ва фаъолияти бисёрсолаи марказ собит месозад, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати занҳо оид ба хусусияти инкишофи физиологиву равонии кӯдакон, ҳамчунин таъсири бозиҳои инкишофдиҳанда ҷиҳати ба воя расонидани фарзанди ҳамаҷониба солиму ҳушманд мусоидат мекунад. Одатан кӯдаконе, ки дар чунин шароит ва муҳити созгор тарбият меёбанд, на танҳо дар мактаб пешқадам мешаванд, балки бо заковат ва хотираи қавӣ, навҷӯӣ ва қобилияти эҷодиашон инсонро дар ҳайрат мегузоранд. Дар лоиҳаи мазкур бо занҳои ҳомила ва модарони ҷавон мутахассисони соҳибмаълумоту ботаҷриба аз рӯи усули дар ҷаҳон эътирофшудаи муошират дар масъалаи тарбияи кӯдак машғулиятҳо гузаронданд. Зеро кори тарбия аз волидайн ҳунари хосаро талаб мекунад, ки он бояд тамоми умр такмил дода шавад.
Ба ҷуз ин, Манзура Ҷӯраева қайд кард, ки марказ аз рӯйи зарурат мутахассиси гуфтордармонӣ (логопед) ва равоншиносонро ҳам ҷалб мекунад. Дар баробари ин, мутасаддиёни «Мултикид» кӯдаконро аз рӯйи усуле, ки бо назардошти ҳуввияти миллӣ олимони соҳаи мазкур барномарезӣ кардаанд, дар алоқамандӣ бо роҳҳои тасдиқшудаи мутахассисони беҳтарини дунё - Зайтсев ва Монтессори таълим медиҳанд. Баргузории машғулиятҳо бо истифода аз барномаҳои замонавии мултимедӣ ба усули интихобшуда тақвият мебахшад.
Манзурабону аз руйи табиати хеш дар ҳар мавзӯъ озод сӯҳбат мекунад. Мегӯяд, ки фаъолияташ дар оила, хусусан аз ҷониби фарзандонаш қадр мёбаду дастгирӣ. Фарзандони ӯ Даврон ва Дилшод чемпионони чандкаратаи Тоҷикистон аз рӯйи таэквондо буда, имрӯз соҳиби касбу кори худ ҳастанд. Дарвоқеъ, фарзандон ҳамкору мададгори модар дар фаъолияти касбиаш ҳастанд. Ба қавли худи Манзура Ҷӯраева, ӯ хушбахттарини хушбахтҳост. Зеро ҳамсари хушсухан, фарзандони ҳушманд ва кори дилписанд дорад. Худ иқрор мешавад, ки ин ҳама маъно зиндагии ӯст.
P.S.
Ба ифтихори ҷашни 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон заҳматҳои кашидаи М. Ҷӯраева бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мавориф қадр ёфтааст.

Ситорабонуи СОҲИБНАЗАР

Комментариев нет:

Отправить комментарий