06.08.2012

ТАРБИЯ ТАЪТИЛ НАДОРАД


ё чаро сафи ҷинояткорони ноболиғ рӯ ба афзоиш аст?

Аз рӯйи иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 моҳи соли ҷорӣ 343 ҳолати ба ҷиноят даст задани ноболиғон (288 писар ва 17 духтар) рух додааст, ки аз соли гузашта ба ҳисоби 22 дарсад бештар аст. Боиси нигаронист, ки дар Душанбе нисбат ба соли гузашта сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби кӯдакон афзудааст. Ҷинояткорӣ дар байни ноболиғони пойтахт нисбат ба соли гузашта бо теъдоди 60 ҳолат бештар гардидааст. Алалхусус дар ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии пойтахт содир шудани ҷиноятҳои гуногун бештар ба назар мерасад.  Вале дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд ин нишондод нисбатан камтар аст. Аз рӯйи маълумот  80 дарсади ҷинояти дуздӣ аз ҷониби нафарони то синни 18 содир гардидааст. Мутаассифона, ҳодисаҳои худкушӣ низ дар байни ноболиғон зиёд шудаанд.

Чун ин маълумотномаро аз назар гузаронидам, қарор додам, ки дар атрофи мавзӯи ба ҷиноят даст задани ҷавонону наврасон матлабе омода созам. Хоҳиши ман аз ҷониби Зебо Холдорбекова, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии ҶТ, хуш қабул гардид. Бо ин зани ҳалиму зебо, ки дар тан либоси низомӣ дошт, дар даромадгоҳи бинои ВКД вохӯрдем. Ҳанӯз аз назари аввал дар симои ӯ модари дилсӯзро дидам, то ходими мансабдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Мавсуф маслиҳат дод, ки ҳамин лаҳза бевосита худам шароити қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони назди ВКД-ро аз назар гузаронам. Бо бархе аз боздоштшудагони хурдсол ҳамсӯҳбат шавам. Бо хӯю хислати онҳо ошно гардам.
Бинои якошёнаи боздоштгоҳ аз ҳар тараф бо панҷараҳои оҳанин баста шудааст. Саидҷалол Наҷмиддинов, майори милитсия, тарбиятдгари калони ин муассиса, бандаро бо шароити зисти бачаҳо шинос мекунад. Ҳуҷраеро аз назар мегузаронем, ки  панҷ нафар масти хобанд. Ошхона ва ҷойи истироҳати эшон низ поку тамиз аст.
Бо хоҳиши ман С.Наҷмиддинов яке аз кӯдаконро, ки нав бедор шуда буд, ба сӯҳбат мехонад.
-Бачаҷон, номи ту чист? Аслан аз куҷо ҳастӣ? Чанд сол дорӣ?- мепурсам ман.

- Ман Далер…э,  не, Диловар. Ман аз Шаршари модарони ноҳияи Данғара. Ба 15 даромадам, э не-е,… 16-сола ҳастам.
Ҳамин тавр, ӯ гӯё матнеро азёд мегуфта бошад, тӯтивор ба сухан медарояд: «Ман падару модар надорам. Мактаб намехонам. Як амак дорам, ки дар Сангтӯда зиндагӣ мекунад. Номаш - Маҳмадраҷаб. Холаам дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Мо телефонӣ сӯҳбат карда будем, ӯ маро ба хонааш даъват карда гуфт, ки фалон рӯз ба майдони Исмоили Сомонӣ биё, ман туро пешвоз мегирам. Аммо ӯро дар он ҷо наёфтам. Ҳамон шаб дар зери бомпӯши як хонаи бисёрошёна хоб кардам. Шабона тарсидам. Хаёл кардам, ки маро чизе таъқиб мекунад. Ҳангоми гурехтан варақчаеро, ки дар он рақами телефони холаамро навишта будам, гум кардам. Маро кормандони милитсия дошта наовардаанд. Худам бо пойи худ инҷо омадам. Дар ин қароргоҳи муваққатӣ  шароит бад нест. Ба мо рӯзе се маротиба басерӣ хӯрок медиҳанд. Сару либос, ҷойи хобамон тозаю озода аст…»
Ба назари ман, гуфтаҳои ин бача басе самимианд, аммо С.Наҷмиддинов пас аз рафтани ӯ аз ман мепурсад:
- Оё шумо дурӯғи ин ноболиғро пай бурдед?
- Чун ӯ бо пойи худ ба ин ҷо омада бошад… магар дурӯғ мегӯяд?
- Ҳама гап дар сари он аст, ки аз рӯйи гуфтаи ӯ мо шахсияташро аниқ карда натавонистем. Мутаваҷҷеҳ шудед, ӯ аввал худро Далер, баъдан Диловар ном гирифт?  Гумони ғолиб он аст, ки номи ӯ бояд Далер бошад.
Воқеан, гапи майори милитсия ҷон дорад. Охир, ӯ дар давоми солҳо бо ин қабил афрод сарикор гирифта, як навъ равоншинос ҳам шудааст.
Назар ба гуфтаи  С.Наҷмиддинов, аз теъдоди умумии боздоштшудагон, одатан, танҳо 10 дарсад дар бораи худ маълумоти саҳеҳ медиҳанд. Бо вуҷуди он, дар миёни як-ду ҳафта шахсияти аксари онҳо муайян карда мешавад.
- Ин кӯдаконро дар оянда чӣ интизор аст? Мактабҳои махсус ва ё хонаҳои бепарасторон?
Ҳамсӯҳбати ман дар ҷавоб маълумоти дақиқи 6-моҳаи соли ҷориро дар бораи ин муассиса дастрасам мегардонад ва ҳамзамон илова мекунад:
- Аксари бадастафтодагон ба оғӯши оила баргардонида мешаванд.
Тасдиқи гуфтаҳои С. Наҷмиддиновро дар ҳуҷҷати додаи ӯ меёбам: дар ин муддат 273 ноболиғ ба қабулгоҳ оварда шудаанд, ки аз ин теъдод 53 нафар духтаронанд. Аз ҳамин ноболиғон 87 нафар  тифлакони аз 3 то 7-сола, 47 нафар аз 7 то 14-сола, 143 нафари дигар аз 14 то 18-сола мебошанд. Аз инҳо 232 нафар дубора ба оила баргардонида шудаанд, 2 нафар ба марказҳои дастгирии духтарон, 3 нафар ба мактаб интернатҳо,  3 нафар ба хонаи кӯдакони синни томактабӣ, 1 нафар ба мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ ва 2 нафари дигар ба муассисаи тиббӣ барои табобат фиристонида шудаанд.
- Дар қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон кӯдакони аз 3 то 18-сола ҷой дода мешаванд,- мегӯяд ҳамсӯҳбати ман. -  Дар асоси банди 4-уми дастурамали рақами 210 аз 26-уми марти соли 2009, ки аз ҷониби ВКД ҶТ тасдиқ шудааст, ҳар ноболиғе, ки падару модар ӯро тарк кардааст, аз хона рондааст, гум шудааст ё худсарона аз хона фирор кардааст, ба ин муассиса оварда мешавад. Инчунин, ба сабаби марг ё маъюбӣ, корношоямии муввақатии волидони онҳо, агар падару модарашон дар тарбияи кӯдак  бемасъулиятӣ зоҳир карда  бошанд, чунин кӯдакону наврасонро ба ин даргоҳ меорнад. Дар асоси ин дастурамал, агар тифл таҳти таҳдиду зӯроварии падару модар ё шахсони масъуле, ки онҳоро ба парасторӣ гирифтаанд, қарор гирифта бошад, дарҳол ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳ аз ҷониби мақомоти дахлдор супурда мешавад.  Ҳамчунин ноболиғи то синни 16 ба ҳуқуқвайронкунӣ даст зада бошад, аз таҳти тарбияи падару модар баромадаву худсарона муассисаи махсуси таълимиро тарк карда бошад, бояд аз рӯйи қонун дар ин марказ ҷой дода шавад.
- Қисмати ноболиғоне, ки ба шароити махсуси таълиму тарбия мӯҳтоҷанд ва ё беморанд, чӣ мешавад?
-Кӯдаконе ҳастанд, ки воқеан, душвортарбияанд ва ё беморанд. Мо онҳоро ба мактабҳои махсус ё табобатхонаҳо сафарбар мекунем,- мегӯяд С.Наҷмиддинов,- Одатан, ноболиғоне, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар мавзеъҳои  сернақлиёти шоҳроҳҳо, ки барояшон хатарнок аст ва дар истгоҳҳо ба гадоӣ машғуланд, боздошт мегарданд. Баъди бозгардонидан ба комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва ШКД-и ҷои зисташон мактуб мефиристем.
- Ба чӣ иллат кӯдакон хонагурез мешаванд, ба дуздиву гадоӣ ё дигар корҳои ношоиста даст мезананд?
- Дар натиҷаи камэътибории падару модар нисбат ба тарбияи фарзандон, баъзан аз набудани шароити хуб ноболиғон кӯчагарду талбанда мешаванд. Чунинҳоро нозирони минтақавӣ дар ҳамкорӣ бо нозирони ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба марказҳои махсус сафарбар мекунанд. Дар таҷриба ноболиғеро дидаем, ки чандин сол дар оила зиндагӣ карда, бо тасодуфе фарзандхон буданашро мефаҳмад ва аз хона фирор мекунад. Бо қарори суд чунин ноболиғонро ба интернат равона мекунем.
«Бале, кори тарбия басо нозук аст. Аз тарбия дур мондан тифлаконро ба чӣ сарсониҳое рӯ ба рӯ овардааст»,- аз дил мегузаронам ман, ҳангоме ки  бо 5 нафар кӯдаки дар таҳвилгоҳбуда ошно мешавам. Назар ба гуфтаи майори милитсия, аз ин панҷ нафар ноболиғ ҳоло шахсияти як духтарча (аз шаҳри Ваҳдат), ду писарак (яке аз шаҳри Турсунзода, дигаре аз шаҳри Сарбанд) муайян карда нашудааст. Бачаи сарбандиро аз шаҳри Турсунзода дар вақти убур кардани сарҳад дастгир кадаанд.
Аз маълумотномаи ВКД-и ҶТ, ки тавассути Зебо Холдорбекова ба даст овардам, бармеояд, ки барои пешгирии вазъи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ байни кӯдакону наврасон Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ корҳои назаррасеро анҷом додааст. Пеш аз ҳама, дар давраи 6 моҳи соли 2012  ҳуҷҷати шарҳдиҳанда оид ба вазъи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ байни ноболиғон ва ҷавонон тартиб дода, онро барои бартараф сохтани норасоиҳои ҷойдошта  ба роҳбарияти РКД-и вилоятҳо ва ШКД-и шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ирсол кардаанд. Ғайр аз ин, маълумотномаҳои таҳлилиро бо дарҷи сабабу омилҳои содиршавии ҷиноят  ва ҳуқуқуқвайронкуниҳо ба Комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фиристодаанд.
Ин ҳама маълумотро дар зеҳн таҳлил мекардаму ба худ меандешидам, ки «Пас чаро дар 6 моҳи соли ҷорӣ 343 ҳолати ба ҷиноят даст задани ноболиғон рух додааст, ки аз соли гузашта ба ҳисоби 22 дарсад бештар аст?»
Одатан, роҳи ман ҷониби коргоҳ аз шафати бозори Шоҳмансур мегузарад, ки дар он  макони хариду фурӯш аз ҳисоби кӯдакону наврасони селофанфурӯшу ҳаммол, майдадуздону ҳуққабозон ва лӯлибачаҳои талбанда кам нестанд. Ва ё ин ҳолат муваққатисту иртибот ба давраи таътил дорад?
Ва аммо, оё кори тарбия таътил дорад?!

Ситорабонуи СОҲИБНАЗАР,
«Омӯзгор»

Комментариев нет:

Отправить комментарий