Бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии бачагони болаёқат аз 9 то 19 июли
соли ҷорӣ 15 нафар хонандагони риёзидони тоҷик дар Олимпиадаи байналхалқие, ки
дар Донишгоҳи МИСиС-и шаҳри Москва баргузор гардид, иштирок доштанд. Дар ин Олимпиада
фиристодаҳои Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз давлатҳои муштаракулманофеъ ва
Абхазия дар сабқат буданд.
Аз 15 нафар бачаҳои болаёқати тоҷик 10 нафар ғолиб
дониста шуда, 2 нафар бо медали тилло, 4 нафар бо медали нуқра ва 4 нафари
дигар бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд. Ин 10 нафар ғолибон бо сертификате,
ки аз ҷониби Донишгоҳи МИСиС дарёфт намуданд, имкон доранд баъди хатми мактаб
дар донишгоҳи мазкур таҳсил кунанд. Ҳамчунин гурўҳи 6-нафараи дигар аз
мактабҳои кишвари мо дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни метематика дар
давлати Аргентина иштирок намуданд. Дар ин олимпиада хонандагони 102 давлат
иштирок доштанд. Хонандагон мо сазовори 4 ҷойи сеюм ва медалҳои биринҷӣ гардиданд. Дар маҷмўъ то
20 июли соли 2012 хонандагони болаёқат танҳо аз олимпиадаҳои байналхалқӣ
сазовори 117 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки нисбати соли 2011 21 адад зиёд аст. Хонандагони моро дар пеш
боз се олимпиадаи байналхалқӣ интизор
аст.
Ситорабонуи Соҳибназар

Комментариев нет:
Отправить комментарий