Чанде пеш як
гурўҳ толибилмони мактабҳои кишвар ҳамчун ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ аз мамолики гуногуни хориҷӣ бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ
баргаштанд. Бо Улуғбек Баротови 17-сола, ки бовуҷуди ҷавониаш хеле пурдон
ҳам ҳаст, дар маросими тўҳфасупории Вазорати маориф шинос шудам. Ў ҳамин сол
литсеи муштараки туркӣ-тоҷикии ба номи Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанберо хатм
кардааст. Улуғбек дар 44-умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия, ки
дар Вашингтон аз 21-30 июли соли ҷорӣ баргузор шуда буд, ғолиб
омадааст. Назар ба гуфтаи ў, дар ин озмун 283 нафар хонандагон аз 72
давлати ҷаҳон сабқати зеҳнӣ мекарданд. Вай мегуфт: «… дилам эҳсос мекард, ки
медали тилло мегирам». Ман ба чашмони ин ҷавон зеҳн мемондам. Хеле ором, бидуни
ифшои ҳаяҷон, бо боварии комил ба дониши худ сухан меронд, ки дар ин синну сол
кам касонро даст медиҳад.
- Вақте
натиҷаҳои санҷишро эълон мекарданду дар қатори ҷойҳои сеюм ва дуюм номамро
нашунидам, хеле хурсанд шудам. «Ман ғолибам!»- аз дил мегузаронидам! -ҳикоя
мекард Улуғбек. Воқеан ҳамин тавр ҳам шуд. Ин ғолибият барои ў аллакай дару
дарвозаҳои имконоти васеъро боз кардааст, зеро ў метавонад ба ҳар донишгоҳе,
ки дилаш хоҳад, барои дарёфти роҳхат ҳуҷҷат супорида, дохил шавад.
- Ман аллакай
ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи Кембриҷ, ҳамзамон ба чанд муассисаи дигари
бонуфузи давлатҳои хориҷа супурдам. Итминон дорам, ки дархости маро рад
намесозанд.
Мехоҳам бо
навиштани ин матлаб ба хушҳолии мусоҳибам ҳамраъйӣ изҳор кунам. Аммо… тарсам,
ки умри ин хурсандӣ дароз набошад. Охир, аз рўйи маълумотҳо,
аксари онҳое, ки дар хориҷа таҳсил мекунанд, роҳи бозгаштро фаромўш
месозанд. Чунон ки директори таълимгоҳи «Ҳотам ва ПВ», Абдуфаттоҳ Ҳотамов иброз медорад,
аллакай дар донишгоҳҳои Москва бе ҳеҷ гуфтугў ба бачаҳои лаёқатманди тоҷик
ҳамчун ғолибони озмунҳои байналмилалӣ ҳуҷҷати донишҷуӣ дода истодаанд.
Аммо дар
Ватани хеш бачаҳо аз дасти бархе аз бюрократҳо сарсон мешаванд. Ба ин сон
болаёқатҳо ҳамчун ба захираи ақлонии миллат бояд назар андохт. Бояд роҳе ёфт,
ки ин истеъдодҳо ҳарҷониба дастгирӣ ёбанд, механизмеро бояд ба кор андохт, ки
он ҳама сарватҳои зеҳнӣ дубора ба Ватани мо баргарданд ва дар соҳаҳои гуногун
барои ободонии диёрамон ҳисса гузоранд.
Ситорабонуи СОҲИБНАЗАР,
«Омўзгор»

Комментариев нет:
Отправить комментарий