13.08.2012

ОҲ, «ИН ЛЎЛИЁНИ ШЎХИ ШИРИНКОР…»



ё тасодуфе, ки маро ба таҳқиқи мавзўъ кашид

Боре аз назди бозори Шоҳмансур мегузаштам, ки диққатамро духтарчаи 4 ё 5-солаи талбандае ҷалб кард. Одатан, роҳи ман ҷониби коргоҳ аз шафати ин бозор мегузарад. «Ҳарчанд дар он  макони хариду фурӯш кӯдакону наврасони селофанфурӯшу ҳаммол, майдадуздону ҳуққабозон ва лӯлибачаҳои талбанда кам нестанд, аз чӣ ин тифлаки дарюзахоҳ мавриди таваҷҷӯҳи ту қарор гирифт?»- шояд мепурсед шумо? Рости гап, диққати маро навиштаҷоти пурғалате, ки ба гардани ӯ овехта буданд, ба худ мекашид: «Ассалом акаҳо модарам дар бемор хона дар ин моҳи бузург. Баруҳи ризои худо- 1-сомони хайр кунед илтимос…»
Бешак, дар чунин маврид барои ҳар зане, ки модар бошад, моҳияти ифодаи «фарзанди худиву бегона» гум мешавад. Наздиктар рафтаму ҳолпурсӣ кардам: «Ба ғайр аз модари бемор ягон хешу табор надорӣ магар?» Бо ишорат фаҳмонид: «Не, надорам.» Мехостам бипурсам, ки кисту куҷоист? Ин тавқи соилиро ба гарданаш кӣ ҳамоил сохта? Кӣ ӯро  ин ҷо овардаву кӣ бегоҳ ба манзил мебарадаш? Чанд вақт аст, ки чунин ҳол дорад? Вале … чун вақт танг буду то оғози соати корӣ чанд дақиқа монда буд, пас аз бахшидани як сомонӣ ноилоҷ ҷониби коргоҳ шитофтам. Аммо дилам қарор намегирифт, баъди  чанд қадам гузоштан  дубора ба  ақиб назар афкандам. Иттифоқо, ба ҳолате шоҳид шудам, ки маро тамоман дилгир кард. Аз куҷое писараки тақрибан 10-12-солае пайдо шуду аз дастони духтарча  он маблағи ночизро рабуда, зуд дур шуд. Дар ниҳояти хашм аз паси он нобакор тохтам ва аз бозувонаш гирифтам. Талаб кардам, ки пулро ба духтарча баргардонад. Писарак мегуфт: «Вай хувари манай…»
Ба ҳоли хеш хандаам омад, ки аз умқи нигоҳи духтарча - дарюзахоҳи кӯчак, ҳатто, пай набурдаам, ки ба ман дурӯғ мегӯяд. Вале ҳанӯз ҳам банди дасти бача дар дасти ман буд. «Коратон набошад. Инҷада бо иҷозати падару модарамон шиштагием»,- мегуфт вай, дар ҳоле ки банди дасташро аз дастам халос мекард. «Ту медонӣ, ки дар он лавҳ чӣ навишта шудааст?»- мепурсам ман. «Ман савод надорум…» «Хонаи Шумо куҷост?» «Аз тарафои Мавлоно… э, не, аз ҳамин шаҳрем»,- нимғурма мекунаду аз ман дур мешавад бача. «Ҳайфи умри одамӣ…»,- беихтиёр аз дил мегузаронам ман. «Ба онҳо чӣ кор доред, охир, онҳо ҷӯгиёнанд, касби бобоиашон талбандагист!»- гӯиё  ба нидои дили ман ҷавоб медиҳад ҷавонмарди ҳузарби обфурӯше, ки зоҳиран кӯҳро занад, талқон мекунад.
Бале, онҳо лӯлиёнанд. Ҳамон қавми саркашеанд, ки қариб аз хурдон то бузургсолон ҳеҷ қайду бандро тан гирифтан намехоҳанд.Ҷояш ояд, ҳаёти сарҳуёнаро аз ҳар гуна масъулияти шаҳрвандӣ боло мегузоранд.
Аз рӯйи маълумотномаи Маркази кулли ҳисобдории Агентии омори назди Президенти ҶТ, теъдоди лӯлиёни мамлакат 2334 нафар буда, аз ин 1264 нафар кӯдак дар қайданд. Теъдоди лӯлиёни бешаҳрванд: 1 нафар. Аз рӯйи ин маълумотнома, дар гирду атрофи шаҳри Душанбе ҳамагӣ 16 нафар лӯлиён дар қайданд. Табиист, ки ин маълумот маро қонеъ намегардонад. Мехоҳам, аз паси таҳқиқ шавам. Бо ин мақсад сӯйи деҳаи Сангтӯдаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи  Рӯдакӣ, ки на чандон дур аз шаҳри Душанбе воқест, роҳ пеш мегирам.

ДАР ХОНАДОНИ САРҚАБИЛА
Таноби роҳи начандон тӯлонӣ бо сӯҳбати ронандаи таксӣ боз ҳам кӯтоҳтар мешавад. Акои Саид мегуфт:
- Онҳо одамони оддиянд, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо чанде аз писарони ин қавм шарикдарс будам. Бештари оилаҳои ҷӯгиён зиндагии серу пур доранд. Ягона хислати бади онҳо талбандагиашон аст.
Ба деҳаи Сангтӯда наздик мешавем. Соат 17-у 30. Дар ҷӯйбораки кӯча тақрибан сӣ  кӯдак оббозӣ карда истодаанд. Ман аз ронанда хоҳиш мекунам, ки як нафар калонсоли ин деҳро ба ман шинос кунад. Ӯ маро сӯйи хонаи бобои Абдураҳмон мебарад. Дар як лаҳза миёни бошандагони деҳкада овоза паҳн шудааст, ки «одами ҳукумат»  омадааст. Хурду калон бе ҳеҷ истиҳола аз пайи ман ба ҳавлии сардори қабила бобои Абдураҳмон даромада меоянд. Пас аз шиносоӣ ҳолу аҳвол мепурсам.
- Худоро шукр, зиндагии беташвиш дорем. Аз чизе нороҳат нестем,- кадхудо муаддабона даст пеши бар мегирад ва суханашро идома медиҳад,- шахсан худи ман панҷ фарзанди болиғу наберагони зиёд дорам. Маълумотам олист. Чанд сари сол ронандаи худораҳматии Сафаралӣ Кенҷаев будам. Фарзандонам низ маълумоти миёнаву олӣ доранд.
Дар баробари хушсурат будан хушсӯҳбат ҳам будааст ин марди тахмин 65-70-сола, ки зиёд талхию ширинии зиндагӣ чашидааст. Дар куҷо чӣ гуфтанашро медонад. Агар нафаре аз кӯдакон ё занҳои ҳангомаҷӯй, ки шояд дар таъсири «камоли ҳамнишинӣ» бо мардуми бумӣ бошад, ки қариб ҳама сафедпӯст буда, байнашон, ҳатто, сабзчашмон ҳам вомехӯранд, ноҷо ба гап ҳамроҳ шаванд, бо як нигоҳи сахт дами онҳоро ба дарун мезанонад.
- Бачаҳои деҳкада мактаб мехонанд?
- Бале, ҳама сад дар сад дар мактаби деҳа таҳсил мекунанд. Мана, аз худашон пурсед.
Ҳамаи нишастагон бо як овоз  гапи сарқабиларо тасдиқ карда, мегӯянд, ки шогирди мактаби рақами 38-и ҳамин деҳа ҳастанд.
- Магар одамони таҳсилдида аз дар ба дари мардум гаштан ор намекунанд? Мувофиқи нишондоди маъмурони қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ВКД-и ҶТ, 90 дар сади кӯдакони хиёбоние, ки дастгир мешаванд, одатан лӯлибачаҳоянд - бо сад истиҳола ба ришсафеди деҳа рӯй меорам ман.
- Ин касби бобоии мо, лӯлиён, аст, хоҳарам. Бобову бибиҳои мо мегуфтанд, ки қавми қашшоқи лӯлиён замонҳои хеле қадим аз Мултони Ҳиндустон дар ҷустуҷӯйи қути лоямут ба кишварҳои гуногуни дунё паҳн гардидаанд, ки мо пасовандони онҳоем.. Хоҳед, нахоҳед,  лӯлизанҳо аз ин кори савоб даст намекашанд. Вале ягон нафар кӯдаки синну соли мактабии деҳаи Сангтӯда ба ин кор машғул нест,- бо ҷиддияти том мегӯяд бобои Абдураҳмон.- Ба ман бовар намекунед,- панҷа ба риш мезанад ӯ,- Мо мардуми аз дину диёнат бохабарем, ҳамин сол банда, агар Худо насиб карда бошад, ба зиёрати Каъбаттуллоҳ меравам. Гуфтанӣ ҳастам, ки мо қонунро ҳурмат мекунем, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияти фарзандон гуфтанӣ гап ҳаст. Фарзандони мо ҳама мактаб мехонанд, ба талбандагӣ вақт надоранд,- исрор мекунад ӯ.
- Кӯдакон дар вақти таътили тобистона бо чӣ кор машғуланд?
- Ба корҳои хона ёрдам мекунанд.
- Агар ҳамаи духтару писаракон ба кору бори хона машғул бошанд,  лӯлибачагоне, ки дар гардан тавқи дарюзагӣ овехтаву худро аз тарафи масҷиди Мавлоно мегӯянд, киҳо бошанд?
- Онҳо тоҷиконеанд, ки лӯлиёнро бадном мекунанд.
- Ана, халос…
- Ман ин гуфтаҳои худро дар назди шоҳидон ба шумо тасдиқ карда метавонам, ки аксари онҳо тоҷикананд. Онҳо худро лӯлӣ муаррифӣ карда, ба гадоӣ рӯй меоваранд. Шахсан ба шумо метавонам яке аз ин гуна одамонро нишон диҳам. Дар назди маркази савдои «Садбарг» зани тоҷике ҳаст, ки чор фарзандашро ба ин кори нанговар маҷбур мекунад.
«Аҷабо, дузди зӯр соҳиби молро бастааст», гуфтани мардуми кордида ҳамин будагист,- аз дил мегузаронам ман,- то ин вақт бархе аз ҳамдиёрон дар мусофират шикоят мекарданд, ки ҳатто лӯлиёни тоҷикзабони ҳамсоякишварҳо худро тоҷик муаррифӣ сохта, миллати моро бо гадоӣ  бадном мекунанд. Инак, бобои Абдураҳмоне, ки бо гуфти худаш, илми олӣ дораду аз қонун хабардор ҳам ҳаст, зиёда аз ин нияти ҳоҷӣ шудан дорад, тоҷиконро муттаҳам мекунад.»
Мо дасти ҳам гирифтему ба якдигар ваъда кардем, ки пагоҳ соати 10 дар назди фурӯшгоҳ вомехӯрем, он зани дағопешаро меёбем, ки ҳамроҳи фарзандонаш лӯлиёнро бадном мекардааст. (Аммо  ҳамсӯҳбати ман, ба ваъдааш вафо накард. Вақте рӯзи дигар занг задам, гуфт, ки мутаассифона, дар кадом як ҷаноза нишастаасту имкони маро ҳамроҳӣ кардан надорад.)
КОТИБИ ҶАМОАТ ЧӢ МЕГӮЯД?
Пас аз як соати сӯҳбат бо намояндагони қавми «шӯху ширинкору шаҳрошӯб» хайрухуш карда, дар ҷустуҷӯйи  котиби ҷамоат шудам. Чун рӯз рафта буд, нафари масъулро ёфта натавонистам. Вале субҳи дигар аз тариқи телефон аввал раиси ҷамоати деҳоти Гулистон ва баъд бо тавсияи он кас  котиби ҷамоти мазкур Абдусалом Абдукаримовро пайдо кардам.
Пурсидам, ки: «Дар рӯйхати дафтари ҷамоат чанд лӯлӣ ба қайд гирифта шудааст ва аз онҳо чанд нафар кӯдакони синни мактабианд? Ва оё лӯлибачаҳо ба мактаб мераванд? Дар маҷмӯъ чанд нафар қайди шаҳрвандӣ доранд? Миллати онҳо дар шиноснома бо чӣ ном сабт меёбад? Ба навзодон зоднома мегиранд ё не?»
Ҷавоби А.Абдукаримов чунин буд: «Фақат дар Сангтӯда 13 хоҷагӣ лӯлиён буду бош доранд, яъне, 130 нафаранд. 23 нафар кӯдакони синни мактабӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз инҳо ҳамагӣ 2 нафар дар мактаб таҳсил мекунанд. Тамоми сокинони деҳаи Сангтӯда ба фарзандонашон зоднома мегиранд. Ва 99 дарсадашон худро тоҷик номнавис кардаанд. Як ё ду нафар аз пиронсолон худро лӯлӣ сабт кардаанду халос.»
Ман аз ин саволу ҷавоби расмӣ қонеъ намешавам ва аз мусоҳибам мепурсам:
- Аз байни лӯлиёни деҳаи Сангтӯда касе ҳаст, ки пас аз хатми мактаб таҳсилро давом дода бошад?
-Хоҳарам, дар ин бора дар даст маълумоти кофӣ надорем. Вале дар байни онҳо аз насли калонсол се-чор нафар соҳибмаълумотонро мешиносам. Лӯлиён байни худ бо шеваи хоси хеш гап мезананд, то-ҷикиро ҳама хуб медонанд. Асосан мардонашон бо русӣ баладанд.
Пас шакку шубҳаам нисбат ба маълумотномаи Маркази кулли ҳисобдории Агентии Омори назди Президенти ҶТ, ки теъдоди лӯлиёни мамлакатро 2334 нафар нишон медиҳад, барҳам мехӯрад. Маълум мегардад, ки аксари лӯлиён дар сабти ном «тоҷик» шудаанд. Ин интихоби онҳост. Онҳо аз ҳуқуқи хеш, масалан, дар боби соҳиби манзил будан хуб хабардоранд. Ва аз он хуб истифода ҳам мекунанд. Аммо дар иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чаро худро вазифадор намедонанд?

Ситорабонуи СОҲИБНАЗАР,
«Омӯзгор»


1 комментарий:

  1. Дар мақолаи мазкур дар бораи лӯлиён чизи наве нест. Ҳама медонанд, ки касби (ба қавли худашон "касабаи")онҳо талбандагӣ аст.Бобои Абдураҳмон ин одати нангинро ҳатто "кори савоб" номидааст, гӯстохиро бинед! Ман аз мақомоти дахлдори Тоҷикистон домангирам, ки ин мӯлтонҳои гадоро дар ҳуҷҷатҳои шаҳрвандӣ "тоҷик" номнавис мекунанд ва беихтиёр тоҷиконро бадном мекунанд. Ин хато бояд ислоҳ карда шуда,минбаъд ҷӯгӣ "ҷӯгӣ" номида шавад! Аз ҷумла, ин камбудии шаҳрвандони ноогоҳ аст, ки ба ҷӯгиён кӯмак мекунанд.Агар онҳо дастгирӣ наёбанд, оҳиста оҳиста Тоҷикистонро тарк мекунанд. Ва ин беҳтарин кор мешавад!!!

    ОтветитьУдалить