Чун хабар ёфтам, ки 24 январи соли ҷорӣ Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо ҳамдастии Вазорати корҳои дохилаи ҶТ 4 нафар кўдаки ятими муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро аз Россия ба Ватан баргардондаанд, дар дил хоҳиши сахте пайдо шуд, то ба аёдати тифлакони мазкур равам. Маълум гардид, ки барои ҷомаи амал пўшонидани ин хоҳиш рухсати раёсати тандурустии шаҳри Душанбе лозим будааст. Ба раёсати мазкур муроҷиат кардем. Хушбахтона, ба ману хоҳарам, ки пешаи хабарнигорӣ дорем, чандон сахтгирӣ накарданд.
Рўзи истироҳат дар
даст халтаи тўҳфаҳо ҷониби Хонаи кўдаконаи махсусгардонидашудаи рақами якуми шаҳри
Душанбе мерафтем. Ҳар ду хомўш будему ғарқи
андешаҳои худ. Ман пеши назар тифлакони нозбўйи хешро меовардам. Бале, се тифли
хешро, ки ҳар бегоҳ, ҳамин ки аз кор баргаштам, худро ба оғўши меҳрам
меандозанду манзилам аз нидои хушнудонаи онҳо ба сурхонае мубаддал мегардад.
Аммо тифлакони ин даргоҳро дар чӣ вазъ медида бошам? Аҷаб нест, хоҳарам, ки ў ҳам
модари се писарчаи хушгил аст, ба мисли
ман андеша меронд. Ҳамин тавр, мо вориди Хонаи кўдакони рақами 1 гардидем. Ҳавои
кушодаву нарми аввали моҳи феврал фасли баҳорро мемонад. Аз ин ҷост, ки таҳти
назорати дояву мураббияҳо бархе аз кўдакони ширин дар рўйи ҳавлии тозаву озода
арғунчак мепариданду баъзеҳо дар айвончаҳои барҳаво машғули бозӣ буданд.
Он рўз духтури муассиса Сабоҳат Раҳматуллоева
навбатдор буд. Арзи матлаб кардем.
- Бале, аз ин чанд
рўз пеш чор нафар - Семёни 6-моҳа, Артёми 7-моҳа, Дилнураи 1-сола ва Машаи
2-соларо ба муассисаи мо оварданд,-гуфт мусоҳиби мо.
Чун дид, ки мо иштиёқи
дидори тифлакони аз муҳоҷират баргаштаро дорем, "Ҳамин ҳозир шуморо пеши
кўдакон мебарам",- гуфту раҳбаладамон шуд. Дар хобгоҳи кўдакони гурўҳи
хурд 35 нафар тарбият меёбанд. Бархе аз
онҳо гирифтори ин ё он беморианд. Мо намедонистем аввал пеши кадом яке аз ин
кўдакон наздик шавем. Охир, ҳама бо нигоҳи хеш гўиё моро ҷониби худ даъват
мекарданд.
- Ному насаби ин
писарчаи ширин Семён Раҷабов аст, - моро сари болини кўдаке бурд апаи Сабоҳат.-
Семён 24-уми июли соли 2012 ба дунё омадаст. Модараш аз ў ҳанўз дар
таваллудхона даст кашидааст. То овардан ба Тоҷикистон дар Хонаи кўдакони бемориҳои
асаби Фязино парвариш меёфт.
Оҳ, ин тифлаки шашмоҳа,
ки фариштаро мемонад, чунон ҳушёр аст! Ҳамин ки сари катчааш хам
мешавам, ба ҳаракат медарояд ва дастаконашро чун чўҷаяки навбол меафшонад: оҳанги
парвоз мекунад. Бо лафзи нофаҳмо талаб мекунад, ки сари даст гирам. Дар оғўшам
худро басе хушбахт эҳсос мекард, ба сару рўям даст мезад.
"Э, вой, азизаки
хола, хушбахтона, аз гирумони беинсофон, аз муаммоҳои дунёи каҷдорумарез ҳоло
хабар надорӣ",- аз дил мегузаронам ман.
Духтарчае аз катчааш
кўшиши фаромадан мекард. Мураббия ба ў мадад кард. Тифли навроҳ бо қадамҳои ноустувор сўйи ман омадан гирифт.
Ин лаҳзаи басе муассир буд. Тифл оғўши модар мехоҳад! Нигоҳи зиндаи ин ҷингиламў,
бешубҳа, ҳар бинандаро ба худ мекашад. Ман Семёнро ба дасти мураббия медиҳаму
духтарчаро мебардорам.
- Ин тифли яксола Дилнура Нурматова буда,
модари беномусу бемасъулияташ дар яке аз кўчаҳои Москва партофта гурехтааст,-
бо овози ҳазин нақл мекард С.Раҳматуллоева. - Кормандони ҳифзи ҳуқуқ навзодро
ба Маркази махсусгардонидашуда барои кўдакони бо нишонаҳои асабоният
(неврология)-и шаҳри Москва супурдаанд.
- Модарони ин тифлони
бегуноҳ киҳо бошанд? Оё хешу таборе надоранд?
- Аз ҳаёти модарони
онҳо хабаре надорем.
- Пас аз куҷо муайян
сохтаанд, ки онҳо фарзандони занҳои муҳоҷири тоҷиканд?
- Шояд дар ҳуҷҷатҳои
Вазорати корҳои дохила чунин маълумот бошад. Вале дар дафтаре, ки ба мо пешниҳод
кардаанд, маълумоти дақиқ нест. Масалан, дар ҳуҷҷати Артём омадааст, ки модараш
дар зоишгоҳ аз ў даст кашидааст.
Артёми оромтабиат, ки
якпаҳлу хобидааст, гўиё гуфтугўи моро
дарк мекарда бошад, абрувони сип-сиёҳи
пайвастаашро дарҳам кашида, ҷониби мо менигарист. Хоҳарам, дар ҳоле ки ашк дар
чашмонаш ҳалқа мезад, ўро сари даст гирифта, бо овози паст мегуфт:
"Бубинед, ба писарчаи ман - Виро чӣ андоза шабоҳат дорад!"
- Ўро ба маркази мо
аз хонаи кўдакони Химкини шаҳри Москва ҳамроҳи дигар тифлакон овардаанд,- сари
тифли 7-моҳаро силакунон мегуфт Сабоҳат Раҳматуллоева.
- Маша куҷост?
- Аз Маша модараш
даст накашидааст. Зани ҷавон бо чӣ ҷурме дар Россия ҳабс шудааст. Чун он тифли 2-соларо ба Тоҷикистон расониданд,
наздиконаш ба тарбияти хеш гирифтанд. Ў духтарчаи хеле дустрўяк ва дидадарое
буд,- ба ёд меовард Сабоҳат Раҳматуллоева.-
Мо, ҳама, ўро дўст доштем. Ҳарчанд дар хонаи кўдакони мо ҳама шароит барои Маша
муҳайё буд, хурсандам, ки хешу табораш бурданд.
Барои ҳар тифл дар муҳити оила будан боз беҳтар аст.
- Ин се тифлро касе
пурсида наомад? Ақрабое надошта бошанд?
- Не, вале хоҳишмандоне
ҳастанд, ки онҳоро фарзанд хонанд. Дар маркази мо 105 кўдаки то 5-сола парвариш
меёбанд. Зиёда аз 1000 нафар интизори гирифтани кўдаконанд. Умедворам, ки ҳамаи
тифлакон дар дасти оилаҳои солим ба воя мерасанд. Вале афсўс, талабгорони
кўдакони маъюб қариб ки нестанд.
Аз рўйи маълумот, аз
тарбиятгирандагони ин марказ 30 нафар
кўдаки аз 2 то 5-сола ва 5 навзод гирифтори маризии фалаҷи мағзи сар
мебошанд. Соли гузашта 21 тифл ба фарзандӣ дода шудаанд, ки аксаран навзод
буданд. Ба қавли С. Раҳматуллоева, ҳамасола теъдоди волидоне, ки аз фарзандҳояшон
даст мекашанд, меафзоянд. Аксаран занҳои ҷавон, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ танқисӣ
мекашанд ва ё беникоҳ фарзанд ба дунё меоранд, ба чунин кори номатлуб даст
мезананд.
- Барои ҳар як кўдак
дар як рўз тақрибан 5-6 сомонӣ сарф мегардад: барои навзодҳо рўзе 10 вақт шири
хушки сифатан баланд, яъне, "Нан" ва "Нестаген", барои
дигарон рўзе 5 вақт хўрок дода мешавад. Яъне, шир, равғани маска, атолаҳои серғизо,
котлет аз гўшти гов, ҷурғоту саршир, мантуву тушбера…
Яке суҳбати моро
гиряи духтарчае гусаст. Ҳама сари кати хоби ў шитофтем. Ин духтарча Мавлуда ном
дошта, аз модар дасту пояш бепанҷа ба дунё омадааст. Манзара басе риққатовар
буд. Дар ҳолате ки дастакони муштмонандашро мебўсидам, ашкамро дошта
наметавонистам.
- Мавлудаи мо аз касе
кам нест. Ў роҳ гаштаву бозӣ карда метавонад. Мо, холаҳояш, ҳама ўро дўст
медорем ва ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки касе ўро ранҷонад.
Дар дил ба падару
модаре, ки аз баҳри тифли маъюби хеш баромадаанд, нафрат хондам. Он модари номеҳрубон,
вақте фарзандони солими хешро ба оғўш мекашад, ҳеҷ фикр намекарда бошад, ки
тифли маъюб ба меҳрубониву меҳр зиёдтар ниёз дорад?
Мавлуда дигар ором
шуда буду бо нигоҳи пур аз ҳайрат андаке табассумкунон ба мо менигарист.
- Дар маркази мо 56
нафар мутахассиси хуб кор мекунанд: мураббияҳо, ҳамшираҳои шафқат, дояҳо - ҳама
нисбат ба кўдакон меҳрубонанд. Мо равоншиноси хуб дорем.
Ман ба гуфтаҳои ин
бонуи мушфиқ, духтури соҳибтаҷриба Сабоҳат Раҳматуллоева сахт бовар мекунам.
Вале вақте аз дарвозаи муассиса берун мешудем, гўиё торҳои асабам ба сони садои
ҳазини танбўр ба нолиш меомад ва бехабар зери лаб ин мисраъҳоро тараннум
мекардам:
Чашмам ба раҳи
омаданат
чор
шудаст,
Гулҳои чаман
дар назарам
хор
шудаст…
Ситорабонуи
СОҲИБНАЗАР,
"ОМЎЗГОР"



Комментариев нет:
Отправить комментарий