Хушбахтона, ки имрӯз дар кишвари мо давра ба давра муассисаҳои
таълимии нав таъсис мешаванд. Аз ҷумла, тибқи қарори Ҳукумати ҶТ бинои муассисаи
давлатии Мактаби байналмилалии президентӣ дар доираи сохторҳои зертобеи Вазорати
маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки фаъолияти ин мактаб моҳи
сентябри соли ҷорӣ оғоз мегардад. Мувофиқи муқаррарот довталабон танҳо пас аз
гузаштани озмун метавонанд шомили мактаби мазкур шаванд. Дарвоқеъ, дар назди
мактаби навтаъсис барои 300 нафар тифлакони синни томактабӣ кӯдакистон низ
ташкил хоҳад шуд, ки он тарбиятгирандагонро ба мактаб омода месозад.
Ҳабибулло Мирзоев, ки солҳои охир ба ҳайси директори Маркази
барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард,
роҳбари Мактаби байналмилалии президентӣ таъин шудааст.
Тавре мавсуф қайд мекунад, усули тадриси муассисаи мазкур
мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ, яъне, аз рӯйи низоми таълимии Оксфорд ва
Кембриҷ бо истифода аз таҷрибаҳои
таълимии литсейҳои туркӣ роҳандозӣ мегардад. Мақсад аз созмон додани чунин як
мактаби замонавӣ омода кардани толибилмон барои таҳсил дар донишгоҳҳои қитъаҳои
Аврупову Амрико мебошад.
Дар ин таълимгоҳ тадрис бо истифода аз усули
фаъолгардонии мактаббачагон бо забони англисӣ сурат хоҳад гирифт. Фанҳои забон ва
адабиёти тоҷик, таърихи халқи тоҷик, ҳуқуқ, география ва суруд бо забони тоҷикӣ
таълим дода мешаванд. Инчунин, муҳассилин дар доираи забонҳои хориҷӣ забони
русиро низ меомӯзанд.
Айни ҳол сохтмони иморати мактаб аз рӯи нақша идома дорад
ва дар назар аст, ки аввалҳои моҳи август ба истифода дода шавад.
Бояд гуфт, ки дар соли аввал ин муассисаи таълимӣ аз ҳисоби
фонди захиравии Президенти ҶТ амал карда, баъдан комилан ба низоми худмаблағгузорӣ мегузарад.
Ситорабонуи СОҲИБНАЗАР,
«Омӯзгор»

Комментариев нет:
Отправить комментарий