Дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сурат гирифт, ки ба натиҷаҳои фаъолияти ин вазорат дар нимаи нахусти соли ҷорӣ бахшида шуда буд. Чунонки вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамроҳхон Зарифӣ иброз дошт, рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои ИДМ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Мавсуф дар мавриди муносибат бо Русияро гуфт, ки Тоҷикистон бо шарики стратегии худ аз рӯи манфиатҳои миллӣ амал мекунад. Сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуманитарӣ, илму маориф ва фарҳанг чун пештара густаришёбанда арзёбӣ мегардад.
Бояд зикр кард, ки тайи солҳои охир инкишофи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо
Украинаву Беларус, Арманистону Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба сатҳи
сифатан нав бароварда шуд. Аз ҷумла, муносибатҳо бо Ҷумҳурии Озарбойҷон, пеш аз
ҳама дар вусъат ёфтани табодули мол байни кишварҳо зоҳир мешавад.
Бино ба гуфтаи Ҳ. Зарифӣ, муносибатҳои имрӯзаи Тоҷикистон бо кишвари
ҳамсояи Ӯзбакистон, мутаассифона, ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии ҳарду ҷониб нест.
Мавусф иброз дошт, ки тамоюли пастравии ҳамкорӣ қариб дар тамоми самтҳо рӯшан
ба назар мерасад.
Дар ҳамоиш вазири умури хориҷии Тоҷикистон тақвияти муносибатҳои кишварро
бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии
Халқии Хитой, Япония тавзеҳ бахшид ва илова кард, ки Тоҷикистон барои сохтмони
НБО-ҳояш доираи васеи кишварҳои дӯстро ҷалб кардааст.
Зимни ин мулоқот Ҳамроҳхон Зарифӣ аз ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои
Аврупову Осиё ибрози ақида кард. Ӯ дар мавриди таъмини суботу амнияти Афғонистон таъкид дошт, ки Тоҷикистон тамоми
имконоти худро дар ин замина истифода хоҳад кард. Зеро ба таъкиди Зарифӣ,
таъмини амнияти Афғонистон, омили субот дар минтақа, ба хусус Тоҷикистон аст.
Хабарнигорон дар мавриди истифодаву иҷораи фурудгоҳи низомии «Айнӣ» дар
канори шаҳри Душанбе ва сари масъалаи ҳамкории
Тоҷикистон бо Русия, алахусус дар мавриди тамдиди пойгоҳи низомии ин кишвар дар
қаламрави Тоҷикистон саволҳо карданд. Вазир мавқеи худ ва ҳукумати Тоҷикистонро
дар ин росто чунин баён кард, «Оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкории низомӣ бояд гуфтугӯҳо сари мизи
музокирот ва пушти дарҳои баста анҷом дода шаванд. Ба ин далел Ҳукумати Тоҷикистон
бо назардошти ҳамкории стратегӣ ва равобити деринаи дӯстона бо ФР муколамаи
маъмулиро идома дода истодааст.
Тоҷикистон бо шарики стратегии худ бо назардошти манфиатҳои миллӣ
амал мекунад».
Вазири хориҷии Тоҷикистон дар мавриди истифодаи фурудгоҳи низомии
«Айнӣ» ба хабарнигорон гуфт, ки «музокирот бо ҳеҷ кишваре дар ин маврид вуҷуд
надорад».
Ситорабонуи СОҲИБНАЗАР,
«Омӯзгор»

Комментариев нет:
Отправить комментарий