03.09.2012

«… ЯХМОСИ ПЕШСАФИ ҶАҲОН!»


ё мусобиқаи ғалатнависӣ дар хиёбонҳои пойтахт
«Боздоштанашавандагон»-ро дидаед? «Дар куҷо?»-мепурсед шумо? Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе! Нафаҳмидед? Ҳамон филми машҳури «Expendables-2»-ро дар назар дорам, ки русҳо «Неудержимые» тарҷума кардаанд, ки бори маъни мебардорад ва гўшхарош нест. Аммо моем, ки аз тарҷумаи таҳтуллафз ҳеҷ канда намешавем. Ба андешаи камина, унвони филми ҳунарии хориҷии «Боздоштанашавандагон» басе гўшхарош аст, зеро он тарҷумаи тарҷума аст. Яъне, онро аз англисӣ ба русӣ («Неудержимые-2») гардонидаанду дастандаркорони соҳаи рекламаҳои мо бошанд, бо номи  «Боздоштанашавандагон» ба мо пешниҳод кардаанд. Ба назари банда, дар ҳоле ки тарҷумаи таҳтуллафз начандон нозук анҷом пазируфта бошад, бояд ҳадди ақал аз маънову мундариҷаи филми ҳунарӣ унвонашро ҷуст. Яъне,  имкон дошт «Боздоштанашавандагон» -ро «Шўрапуштон-2», «Авбошони хўгирифта» ва ё «Хўгирифтагон» унвон кард.
Гап танҳо дар сари рекламаҳои синамо мебуд, дарди бахайр мебуд. Дар кўчаҳои марказӣ ва гирду атрофи шаҳр дар ҳар мавзўъ навиштаҷоти соҳаҳои гуногуни рангубаранге ҷой дода шудаанд, ки аксаран қаринаи тоҷикиашон пурғалат, ҳатто, метавон гуфт, бемазмунанд.  Назар ба гуфтаи мутасаддиёни Кумитаи истилоҳот ва забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, албатта, барои ба тартиб даровардани ин ҳама хараҷу мараҷ кўшиш ба харҷ дода мешавад. Вале чӣ метавон кард, ки бо ин ҳама, теъдоди хатоҳо ҳеҷ кам намешаванд. Дар кўчаву хиёбонҳои пойтахт, дар боби роҳҳои бартараф кардани ин «хунукназарӣ»-и соҳибони реклама аз раҳгузарон миёни 50 нафар назарпурсӣ кардам. Мутаассифона, аз 100%  пурсидашудагон 92%  бар он ақидаанд, ки  «рекламаҳо зебоянд, пешниҳодҳо ҷолибанд ва ... дар матн хатоҳо ҳам вуҷуд доранд.»

Миёни чанд соате, ки навиштаҳои шаҳрро аз назар мегузарондам, бовар кунед, на кам аз 400 ғалати имлоӣ ёфтам. Таваҷҷўҳ кунед: «Тоҷикистон давлатӣ демократии…!» (шаҳраки 46),  «Алгида - яхмоси пешсафи ҷаҳон!» Хаёлам, ба монанди инҷониб шумо, хонандагони гиромии ҳафтанома, бо хондани матни ин овеза беихтиёр пеши назар тамоми яхмосҳои ҷаҳонро меоваред, ки паси ҳамдигар саф кашидаанду «Алгида» дар сабқати давидан пешсафӣ дорад. Албатта, ин ангора  пеши назари шумо таҳти таъсири тарҷумаи таҳтуллафз аз забони русӣ рух задааст. Бовар дорам, дар забони асл (русӣ) он хеле дилчасп ҳам ҳаст. Ба назари ман, дар ин маврид баъди овардани номи маҳсулот   «… беҳтарин яхмоси олам!» ё «Алгида» яхмосест, ки хамто надорад!»  навиштан кифоя буд. Вақте дар  хиёбони Рӯдакии пойтахти кишвар шиори «Дар Килим иқдом анҷом намеёбад»-ро вохўрдам, дар шигифт мондам.  Агар касе калимаи русии «акция»-ро боре «иқдом» тарҷума карда бошад, набояд чунин бардошт кард, ки ҷову ноҷо вожаи «иқдом» ҳамеша «акция» тарҷума шавад. «Акция» вобаста ба мантиқу мазмун баъзан метавонад, «амал», «ҳаракат», «куниш» ва ё «саҳм» тарҷума шавад. Ана ин матнҳои рекламаи  ширкати мобилии «Билайн»-ро хонеду роҳат кунед: «Интернети муфидро пайваст намо!», «Ба зангҳо ҷавоб деҳ ва маблағ бигир!» (ба суратҳисоби худ барои воридшавандаҳо аз Русия 4,4 дир./дақиқа бигир.)» ,«Дар тарафи тобон бош»… Корхонаи Alo Express дар шаҳр чандин нуқтаи хидматии алоқа дораду шиораш «Дешевле только даром»  аст, ки чунин тарҷума кардаанд: «Арзонтар танҳо бепул».  Нусхаи русии шиор мазмунан костагие надорад. Аммо аз тарҷумаи тоҷикиаш шумо чизе фаҳмидед? Ҳарчанд кўшиш ба харҷ диҳед, ки аз ин ифода на маъное ёфта метавонеду на аз фикри худатон баргашта. Чизи арзон ройгон гуфтан нашояд охир...
Чаро соҳибкорони хориҷиву хусусӣ намеандешанд, ки ин ҷо Тоҷикистони соҳибистиқлол асту забони давлатиаш тоҷикист! Бояд ширкатҳои манфиатдор дар  мавриди бо забони давлатӣ интишор кардани эълону рекламаҳо худро дар ҳудуди мамлакат  вазифадор шуморанд. Яъне, чунин матнҳои тарғиботӣ дар Тоҷикистон бояд аввал бо забони тоҷикӣ навишта шуда, агар лозим бошад, баъдан бо забони тарафи манфиатдор тарҷумаи эҷодкорона карда шавад. Он гоҳ «Арзонтар танҳо бепул» барин катибаи хандахариш «зеб»-и  хиёбонхои пойтахт намешуд.
Шодмонҷон Мансуров, сардори шўъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳи назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба ин масъала чунин гуфт:
- Ҳоло дар Тоҷикистон ширкатҳои хусусӣ хеле зиёданд, ки аксаран ба ҳусни зоҳирии рекламаашон аҳамияти бештар медиҳанду бас. Албатта, дар матнҳои асл чунин хатоҳо қариб ба назар намерасанд. Аммо дар тарҷумаҳо…
Мо аз ҷониби худ мекўшем, ки дар овезаҳои хиёбонҳои пойтахт ғалат кам шаванд. Ҳарчанд кумитаи мо дар ин самт корҳои хеле зиё кунад ҳам, хунукназарии соҳибкорон нисбат ба забон кори моро мушкил мекунад.
Дар ҳамин маврид лозим мешуморем, ки аз моддаи 3-и боби 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас шавем:
1. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
2. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад.
3. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд.
4. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак  ва деҳот, инчунин, шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омўхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд.
5. Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.
6. Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.
Боби 3-юми модади 13-и ҳамин қонун, ки дар мавриди забони эълону реклама мебошад, таъкид шудааст:
1. Эълону реклама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ интишор мешавад.
2. Эълону реклама тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои дигар низ интишор карда мешавад.
Пас, маълум мегардад, дар кишвари мо дастандаркороне, ки фармоиши гуногуни соҳибкоронро дар боби тарғиботи маҳсулот иҷро мекунанд, корро чаппа анҷом медиҳанд. Яъне, матни эълону рекламаро аввал бо забони ғайр навиштаву интишор дода, сипас аз пайи тарҷумаи таҳтуллафзи он мешаванд, ки Кумитаи забон ва истилоҳи назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши роҳи ин корро ба хотири қонуни амалкунанда ва иҷрои масъулияти бар дўш доштааш бояд бигирад.

Ситорабонуи Соҳибназар,
«Омўзгор»

1 комментарий:

  1. Sitorabony, bubaxshed, dar maqola ham ghalat hast. Masalan dar chand joi "bo zaboni" omadaast,ki ba zaboni boyad boshad. Dar dandi 6 kalimai moddai modadi shudaast.

    ОтветитьУдалить